Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Kloop" Комисcияи интихоботи Қирғизистонро ба додгоҳ кашид


Бунёди иҷтимоии "Клооп Медиа" баъд аз рад шудани дархосташ аз сӯи Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар бораи назорати интихоботи порлумонӣ, ба додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят бурд.

Дар ин бора Элвира Султонмурод-қизӣ, як масъули "Клооп Медиа" хабар дод.

"Комиссияи интихобот бо такя ба қонуни нав дар бораи интихоботҳо дархости моро рад кардааст. Аммо мо чаҳор бор ба ҳайси нозир дар интихоботҳои гузашта ширкат кардаву дар бораи қонуншиканиҳо гузориш навишта, аз Комиссияи интихобот талаб карда будем, ки ҳар кадом қонуншиканиро баррасӣ кунад. Эҳтимол, ба ҳамин хотир ин бор ба мо иҷозаи нозир буданро надоданд. Ин қарори Комиссия мухолифи Конститутсия аст", - гуфт Султонмурод-қизӣ.

Дар Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, дар оинномаи "Клооп Медиа" зикр нашудааст, ки ин бунёд метавонад, ҳамчун нозир дар интихоботҳо ширкат кунад.

Ба ҳамин далел, ба онҳо иҷозат дода нашуд, ки интихоботро назорат кунанд, гуфтанд, дар Комиссияи интихоботии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG