Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико марзи худро ба рӯи ҳамаи эмшудаҳо боз мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳида аз 8-уми ноябр марзи худро ба рӯи шаҳрвандони хориҷие боз кард, ки зидди коронавируси нав эм шудаанд.

Маҳдудияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Амрико дар ҳади президенти пешин Доналд Трамп (дар ибтидои соли 2020) ба далели пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда, аз сӯи президенти ҳозира Ҷо Байден низ тамдид шуда буд.

Дар пайи ҷорӣ шудани ин маҳдудият марзҳои Амрико барои шаҳрвандони бештари кишварҳои ҷаҳон баста шуданд. Мақомоти амрикоӣ бо ин иқдом кӯшиш карданд, суръати паҳн шудани коронавирусро коҳиш диҳанд.

Бар асоси қарори нав шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз сафар ба Амрико бояд бо ваксинае, ки аз сӯи Идораи назорати сифати маводи ғизоӣ ва дору дар Амрико тасдиқ шудааст ё дар рӯйхати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷуд аст, эм шуда бошанд.

XS
SM
MD
LG