Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба расонаҳои давлатии Русия дастур додаанд, ки "Толибон"-ро созмони мамнуъ наноманд


Дмитрий Киселёв
Дмитрий Киселёв

Роҳбарияти хабаргузории "Россия сегодня", ки мудири куллаш ровии телевизион Дмитрий Киселёв аст, ба зердастон дастур додаанд, ки "Толибон"-ро созмони мамнуъ дар Русия наноманд.

Ҳамакнун кормандони "Россия сегодня" вазифадор шудаанд, "Толибон"-ро "созмони таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ" унвон кунанд.

Расонаҳо менависанд, дар сомонаи РИА Новости, ки ҳамчунин аз ҷумлаи расонаҳои "Россия сегодня" аст ва телевизиони Russia Today "Толибон"-ро "созмони таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ" меноманд.

Расман "Толибон" шомили рӯйхати федеролии созмонҳоест, ки дар Русия террористӣ эълом шудаанд.

Ҳаракати тундгарои "Толибон" рӯзи 15-уми августи имсол пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобулро гирифтанд. Амалан тамоми Афғонистон таҳти назорати "Толибон" даромад.

Кишварҳои ғарбӣ ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд. Ҳукумати Русия низ онро расман эътироф накардааст, аммо мудовим бо намояндагони "Толибон" мулоқот карда, онҳоро ба Маскав даъват мекунанд.

XS
SM
MD
LG