Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус аз ҳаракати нави паноҳҷӯён ба сӯи Аврупо хабар дод


Марзи Белорус ва Лаҳистон.
Марзи Белорус ва Лаҳистон.

Субҳи рӯзи душанбеи 8-уми ноябр шабакаҳои телеграми Беларус хабар доданд, ки издиҳоми бузурги паноҳҷӯён аз Ховари Миёна тавассути қаламрави вилояти Гродно ба сӯи марзи Полша ҳаракат мекунанд. Ба гуфаи онҳо ин таҷаммӯъ умед доранд тавассути Полша ба Олмон бирасанд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Гродно хабар дод, ки полис барои таъмини ҳифзи қонун ва тартибот чораҳо меандешад. Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфт, дар робита ба наздик шудани паноҳҷӯён, марзбонон ба реҷаи пурзӯри хизмат гузаштанд.

Ба навиштаи нашрияҳои маҳаллӣ, низомиёни нерӯҳои дохилӣ барои тақвият ба марз омадаанд. Вазорати дифои кишвар навореро нашр кард, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна паноҳҷӯён симхорҳоеро ки дар марз кашида шудаанд, мебуранд.

Дар соли ҷорӣ Лаҳистон, Литва ва Латвия афзоиши шадиди муҳоҷирати ғайриқонунӣ тариқи Беларусро сабт ва мақомоти он кишварро дар қасдан эҷод намудани чунин вазъ дар марз муттаҳам карданд.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар навбати худ гуфт, ки Минск дигар ба транзити муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупо дахолат нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ алайҳи ин ҷумҳурӣ "ҷанги гибридӣ" роҳандозӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG