Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори лаҳистониро ба Узбекистон роҳ надоданд


Агнешки Пикулитска.
Агнешки Пикулитска.

Хабарнигори лаҳистонӣ Агнешки Пикулитска беш аз якшабонарӯз мешавад, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон дармондааст.

Рӯзноманигор мегӯяд, марзбонон ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки вориди Узбекистон шавад. Ҳамчунин ӯ ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус наметавонад ба Қазоқистон баргардад.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, марзбонони Узбекистон ҳангоми баргашти ӯ аз Қазоқистон иҷозат надодаанд, ки вориди он кишвар шавад.

"Вуруди ман ба Узбекистон расман манъ шудааст. Сабаби ин маҳдудият номаълум аст. Дар ҳоли ҳозир ман дар марз ҳастам, вале бояд ҳар чи зудтар аз ин минтақа берун равам. Кай ва ба куҷо меравам, маълум нест. Ин бастагӣ ба қарори вазоратхонаҳои умури хориҷии Узбекистон ва Қазоқистон дорад", - навиштааст Пикулитска дар Твиттер.

Рӯзноманигори мустақил Агнешка Пикулитска дар шаҳри Тошканд зиндагӣ ва барои расонаҳои байналхалқие амсоли The Guardian, Al Jazeera, The Diplomat ва Eurasianet гузориш таҳия мекард. Вай дар моҳи феврал гуфт, ки як корманди вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Як рӯзи баъди ин изҳорот ба вай иҷозатномаи кор дода буданд.

XS
SM
MD
LG