Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пленуми марказии ҳизби коммунистии Чин шароити давраи сеюми раёсатҷумҳурии Ҷинпинро фароҳам мекунад


Майдони Тянанмини Пекин, 1 июли соли 2021. Суханронии президент Си Ҷинпин дар маросими 100-солагии ҳизби ҳокими коммунистии Чин
Майдони Тянанмини Пекин, 1 июли соли 2021. Суханронии президент Си Ҷинпин дар маросими 100-солагии ҳизби ҳокими коммунистии Чин

Кумитаи пурқудрати ҳизби ҳокими коммунистии Чин дар Пекин пленум ё ҷаласаи чоррӯзаи ҳизбиро шурӯъ кард, ки интизор меравад, ҳузури президент Сӣ Ҷинпинро дар қудрат тақвият медиҳад. Ҷаласа пушти дарҳои баста шурӯъ шуд ва барои ширкат дар он 400 узви кумита ҳозир шуданд. Рӯзи 8-уми ноябр дар ҷаласа тарҳи қатъномае баррасӣ мешавад, ки ба арзёбии 100 соли кори ҳизб ва дастовардҳову таҷрибаи сиёсии он баҳогузорӣ мекунад.

Дар ин қатънома инчунин ҳадафҳои анҷумани 20-уми ҳизби коммунист барои соли оянда ифода хоҳанд шуд ва бар асоси он, интизор меравад, шароит барои даври сеюм дар сари қудрат мондани Ҷинпин фароҳам шавад. Аз замони Мао Дзедун, раҳбари пурқудрати Чини коммунистии солҳои 1950-м, Ҷинпин дуюмин раҳбаре мебошад, ки бо мушти сангин ин кишвари серҷамъияттарини сайёраро раҳбарӣ мекунад. Баъди тағйироти конститутсионӣ дар соли 2018, ҳамакнун, интизор меравад, ки Ҷинпин то ҳадди аққал соли 2027 дар сари қудрат бимонад.

Дар остонаи пленуми ҳизби коммунистӣ, матуботи давлатӣ ба таърифу тавсифи давраи раҳбарии Ҷинпин пардохта, сиёсатмадори 68-соларо “марде боирода ва созанда, шахси боҳикмат ва меҳрубон” номидааст. Ҷинпин, ки аз соли 2012 раҳбарии ҳизби коммунисти Чинро ба ӯҳда дорад, бо муборизаи сахташ зидди ришвахориву фасод, сиёсатҳои саркӯбгарона дар Шинҷон, Тибет, Ҳонгконг ва ҳам бархурди то рафт фишоровараш дар масоили сиёсати хориҷӣ маъруф шудааст. Ӯ инчунин кеши шахсиятро ҷорӣ кардааст, ки мунаққидонро саркӯб ва рақибонро аз саҳна берун мекунад. Яке аз маъракаҳои ахиран ҷорикардаааш ба мубориза бо нобаробарии сарват ва даромадҳо ва ҳам саркӯби соҳибкорони азим марбут аст.

XS
SM
MD
LG