Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷалолобод инфиҷор рух дод


Дар Ҷалолобод гуруҳи ДОИШ фаъол аст.
Дар Ҷалолобод гуруҳи ДОИШ фаъол аст.

Дар як инфиҷор дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор се нафар кушта шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки инфиҷор дар наздикии як пул рух додааст ва қурбониён роҳгузар будаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар бораи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард.

Маълум нест, ки ҳадафи инфиҷор чӣ будааст ва онро кӣ анҷом додааст.

Нангарҳор, вилоятест дар Афғонистон, ки дар он ҷо ҷангҷӯёни ДОИШ фаъоланд.

Толибон, ки аз 15-уми август Кобулро тасарруф карда буданд, ваъда доданд, амниятро таъмин хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз ҳам дар гушаву канори Афғонистон таркишу хунрезӣ сабт мешавад, ки бархе аз онҳоро гуруҳи тундрави ДОИШ бар душ гирифтааст.

Бо гузашти се моҳ ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG