Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрон хостанд, ки Ноҳид Тағавӣ ва Меҳрон Рауфро озод кунад


Дар акс: Меҳрон Рауф (чап) ва Ноҳид Тағавӣ (рост)

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International аз Эрон хостааст, ду зодаи ин кишварро, ки ҳамзамон тобеият ё шаҳрвандии Олмону Бритониёро доранд, аз боздошт раҳо кунад.

Ба иттилои созмон, ин ду нафар беш аз як сол боз барои ҳимоят аз ҳуқуқи одамон паси панҷара нишастаанд. Ноҳид Тағавии эронӣ-олмонӣ ва Меҳрон Рауфи бритониёӣ-эронӣ моҳи октябри соли 2020 дастгир ва дар зиндони машҳури Эвини Теҳрон нигаҳдорӣ мешаванд.

Додгоҳи инқилоб онҳоро моҳи августи имсол 10 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Мақомоти Эрон гуноҳи онҳоро ба масъалаҳои вобаста ба амнияти миллӣ пайванд доданд, вале Афви Байнулмилал "мурофиаи ноодилона" номид.

Ноҳид Тағавӣ ва Меҳрон Рауф низ айбномаро напазируфтаанд.

Созмони Афви Байнулмилал рӯзи 5-уми ноябр гуфт, Тағавии 67-сола аз дарди тахтапушт ранҷ мекашад. Духтурон гуфтаанд, ӯ фавран ба ҷарроҳии сутунмӯҳра ниёз дорад, вале мақомот рад намудаанд.

Афви Байнулмилал мегӯяд, Рауфи 64-сола мавриди шиканҷа ва дигар бадрафторӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ӯро дар ҳуҷрае нигоҳ медоранд, ки шабурӯз чароғҳояш фурӯзон аст.

XS
SM
MD
LG