Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон гуфт, ҳодисаи Пиҷимӣ низои қавмӣ набуд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев занозании гуруҳии хонандагон дар деҳаи Пиҷимии ноҳияи Панфиловро, ки шаби 27 ба 28-уми октябр рух дод, шарҳ дод.

"Як занозании гуруҳии бемаъно дар мактаб рух додааст", - изҳор дошт Тоқаев дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Экибастуз. Ба гуфтаи ӯ, захмӣ шудани хонандагон дар мактаб як ҳодисаи ҷиддии изтирорӣ аст.

"Ин ҳодиса дар фазои иттилоотӣ обуранги байниқавмӣ дода шудааст. Вале онҷо ҳеч гуна низои байниқавмӣ набуд. Як гуруҳи муайяни ҳангомабарангезон зуд ба ин ҳодиса обуранги байниқавмӣ доданд", - иқтибос овардааст сомонаи президенти Қазоқистон аз суханони Тоқаев.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ пештар дода буд, ки дар як мактаби Пиҷимӣ миёни хонандаҳои синфҳои болоӣ занозанӣ рух дод. Бар асоси иттилои мухталиф, дар занозаниву беназмиҳо ҳудудан 30 нафар иштирок кардааст.

Раиси ноҳияи Панфилов гуфта, ки овозаҳо дар бораи гӯё заминаҳои қавмию миллӣ доштани ин моҷаро беасос аст. Дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ ангезаҳои миллӣ доштани моҷарои мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои қазоқу уйғур будаанд, рад мекунанд, бархе намояндагони оилаҳои уйғуртабори ин деҳа гуфтаанд, ки дар ду ҳафтаи ахир “фарзандонашон бо табъйизу фишори ҳамсолони худ” рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG