Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон тағйири хати сарҳадро баъди эътирози қирғизҳо қатъ кард


Сарҳади Узбекистон ва Қирғизистон
Сарҳади Узбекистон ва Қирғизистон

Низомиёни Узбекистон 4-уми ноябр тағйири хатти марзи давлатии ин кишварро бо Қирғизистон дар вилояти Бодканд қатъ карданд.

Раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон, Учкунбек Жоробоев, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони Узбекистон субҳи 4-уми ноябр ба деҳаи Киштути ноҳия экскаватор оварда, тағйири хатти марзро оғоз карданд. Вале сокинони Киштут ба нишони эътироз ҷамъ шуданд.

"Узбекистон мехост, марзи худро тавассути деҳаи Киштут, ки ҳар ду ҷониб дар мавриди он ба созиш расидаанд, бикашад. Вале сокинон ҷамъ шуданд. Сипас мақомоти Узбекистон бо раҳбарияти ноҳияи Бодканд ва марзбонони қирғиз мулоқот карда, тағйири хатти марзро қатъ карданд", - изҳор дошт ӯ.

Ҷониби Узбекистон то ҳол қазияро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG