Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз вайрон кардани як масҷиди таърихӣ дар Узбекистон парванда кушоданд


Масҷиди "Хоҷа Порсо" дар Марғелон.
Масҷиди "Хоҷа Порсо" дар Марғелон.

Дар пайванд ба вайрон шудани масҷиди "Хоҷа Порсо" дар Марғилони Узбекистон нисбат ба шахсони масъули вилояти Фарғона парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Парванда бар асоси моддаҳои "Нобудкунӣ, тахриб ва зиёнрасонӣ ба иншооти фарҳангӣ" ва "Суистифода аз мақом ва ё ваколатҳои хидматӣ" боз шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, дар Марғелони Узбекистон масҷиде тахриб шудааст, ки соли 1869 бунёд шуда буд.

Мақомоти вилояти Фарғона гуфтанд, масҷид на соли 1869, балки соли 1918 бунёд шуда, деворҳояш кафида буданд. Мақомоти Фарғона мегӯянд, дар асоси хулосаи меъморон ба вайрон кардани масҷид иҷоза додаанд.

Масҷиди "Хоҷа Порсо" ба Рӯйхати миллии иншооти фарҳангӣ шомил шудааст.

XS
SM
MD
LG