Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи рӯзи сешанбе дар Кобул як фармондеҳи баландпояи "Толибон" кушта шудааст


Ҳамдуллоҳ Мухлис аз ҷумлаи аввалин афроди гурӯҳи "Толибон" буд, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди қасри президентӣ шуд.
Ҳамдуллоҳ Мухлис аз ҷумлаи аввалин афроди гурӯҳи "Толибон" буд, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди қасри президентӣ шуд.

Тибқи гузоришҳо, дар ҳамлаи рӯзи сешанбе ба бемористони Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул як фармондеҳи баландпояи "Толибон" кушта шудааст.

Хабаргузории "Франс Пресс" ин фардро Ҳамдуллоҳ Мухлис, фармондеҳи қитъаи хоси "Толибон" маъруф ба "Бадрӣ" ва узви Шабакаи Ҳаққонӣ, муаррифӣ кардааст. Аммо Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи гурӯҳи "Толибон" дар суҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ин гузоришҳоро тасдиқ карда наметавонад.

Ҳамдуллоҳ Мухлис аз ҷумлаи аввалин афроди гурӯҳи "Толибон" буд, ки рӯзи 15-уми августи имсол пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, вориди Қасри раёсати ҷумҳурии Афғонистон шуд.

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи сешанберо дар Кобул ба уҳда гирифт. Ба гузориши расонаҳо, дар эъломияи нашршуда дар сафҳаи "Телеграм"-и ин гурӯҳ омадааст, ки панҷ ҷангҷӯяш ин ҳамларо анҷом доданд.

Бар асоси ин эъломия, як ҳамлавари интиҳорӣ ё маргталаб маводи тарканда дар даромадгоҳи бемористон тарконд ва ду ҷанҷӯи дигар вориди бемористон шуда, ба тирандозӣ пардохтанд. Дар ин ҳамла ба камияш 19 нафар кушта ва ҳудуди 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

Масъулони ҳукумати "Толибон" гуфтанд, ки бемористони низомӣ як рӯз баъд аз ҳамла дигарбора ба фаъолият оғоз кард.

XS
SM
MD
LG