Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Адил соз": 7 хабарнигорро дар Қазоқистон боздошт кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз оғози соли 2021 то ин замон созмони ҳомии ҳуқуқи расонаҳо дар Қазоқистон "Адил соз" 77 мавриди монеъ шудан ба кори рӯзноманигорон, 7 ҳолати боздошти кормандони расонаҳо, 16 ҳолати ҳамла, ду ҳолати таъқиб ва 30 ҳолати таҳдидро сабт кардааст.

Ин иттилоъро дар Рӯзи байнулмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноят нисбати рӯзноманигорон, ки 2-юми ноябр таҷлил мешавад, Тамара Калеева, раиси созмони "Адил соз" эълом кард.

"Мо наметавонем, ифтихор кунем, ки рӯзноманигорӣ дар кишвари мо - касби бехатар аст", - навишт Калеева дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Вай ёдовар шуд, ки Қазоқистон дар шохис (индекс)-и озодии расонаҳо аз миёни 180 кишвар дар ҷойи 155 қарор дорад. Калеева инчунин афзуд, шахсоне, ки ба зидди кормандони расонаҳо ҷиноят содир мекунанд, дар бештари вақт беҷазо мемонанд.

Ӯ даъват кард, ки аз рафторҳои ғайриқонунӣ нисбати рӯзноманигорон дар Қазоқистон пешгирӣ шавад. Ба гуфтаи Тамара Калеева, дар ғайри сурат, "Қазоқистон мумкин аст, дар фурсати хеле наздик дар рӯйхати озодии расонаҳо шомили "минтақаи сиёҳ" шавад".

XS
SM
MD
LG