Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон техникаи ҳарбияшро нав мекунад: Мавқеи Душанбе чист?


Нерӯҳои Қирғизистон ҳангоми тамрини низомӣ
Нерӯҳои Қирғизистон ҳангоми тамрини низомӣ

Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба харидани силоҳу муҳиммот иқдом кардааст. Ин амалкарди Бишкек ба раванди музокирот чӣ таъсире мерасонад ва дар Душанбе дар ин бора чӣ фикр доранд?

Дақиқан пас аз ним сол задухӯрди марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Бишкек тасмим гирифтааст, таҷҳизоти низомии худро нав кунад. Дар охири моҳи октябри имсол Бишкек 40 мошини зиреҳпӯши "Toyota"-ро, ки барои хадамоти марзбонии вилояти Бодканд аз Дубай харида шудаанд, ба намоиш гузошт. Он замон Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, изҳор дошт, ки барои харидани мошинҳо аз буҷаи давлат 300 миллион сом харҷ карданд.

Ба қавли ӯ, қарор аст, Қирғизистон дар ояндаи наздик аз Туркия дастгоҳҳои бесарнишини "Байрактар" ва аз Русия таҷҳизоти иктишофии "Орлан-10" бихарад.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфтааст, ин кишвар дар таърихи истиқлоли худ бори аввал шоҳиди харидории таҷҳизоти низомӣ ба ин теъдод аз буҷаи давлат мешавад. Худи Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ҳангоми нишасти матбуотӣ рӯзи 23-уми октябр таъкид дошт, ки кишвараш 100 миллион доллари буҷаро барои мусаллаҳ кардани артиш масраф кардааст.

Содир Ҷабборов (Содир Жапаров)
Содир Ҷабборов (Содир Жапаров)

Дар ҳамин ҳол, Содир Ҷабборов дар авоили моҳи май, чанд рӯз пас аз даргирии мусаллаҳона бо Тоҷикистон, аз тасмими бознигарии доктринаи артиши Қирғизистон хабар дод.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар моҳи май ҳангоми сафари худ ба Туркия масъалаи аз сар гирифтани ҳамкориҳои низомии кишварашро бо Туркия дар миён гузошт. Ба ҷуз ин, вазири корҳои хориҷии Киргизистон баъди дидор бо ҳамтои туркаш аз майли кумаки бебозгашти низомии Туркия ба кишвараш иттилоъ дод. Илова бар ин, ҳанӯз то ба вуқуъ омадани муноқишаҳои марзӣ, моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Содир Ҷабборов ба Русия тавофуқоти ворид кардани таҷҳизоти мушакии С-300 ва паҳбоди таҳоҷумӣ ба Қирғизистон расонаӣ шуд.

"Бонги изтироб барои Душанбе"?

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, бар ин бовар аст, ки роҳбарияти Қирғизистон бо ин роҳ амалан музокироти сиёсиро халалдор карда, "мехоҳад, масъаларо аз тариқи ворид кардани фишор ҳал кунад".

"Онҳо ба муҳосираи иқтисодӣ идома медиҳанд, талош мекунанд бо "Толибон" ва тарафҳои дигар робита барқарор кунанд ва силоҳ мехаранд. Ин иқдомҳо як навъ аломати ҳушдордиҳанда барои Тоҷикистон мебошад", -- мегӯяд Муллоҷонов. Ӯ таъкид меварзад, ки дар сурати идома ёфтани чунин вазъият, роҳбарияти Тоҷикистон низ даст ба мусаллаҳ кардани артиши худ мезанад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Авзои баъдӣ бастагӣ ба ин дорад, ки акнун дар ин ду кишвар дар мавриди харид кардани таҷҳизоти низомӣ чӣ тасмимҳои роҳбурдӣ (стратегӣ) гирифта мешаванд, буҷаи низомӣ ва стратегияи тавсеаи артиши худро чӣ гуна пеш мебаранд", -- афзуд Муллоҷонов.

Тоҷикистон ҳамчунон яке аз кумакгирандагони низомии Русия дар минтақа мондааст. Русия танҳо аз соли 2014 то 2019 барои нерӯманд кардани артиши Тоҷикистон 122 миллион доллар ёрӣ кардааст. Бар асоси омори расмӣ, ба ин миқдор маблағ барои Тоҷикистон теъдоди қобили таваҷҷуҳи чархболҳо, мошинҳои зиреҳӣ, тӯпҳо ва муҳиммот кумак шудааст.

Тибқи омори сафорати Амрико дар Душанбе, Иёлоти Муттаҳида аз соли 1992 то ин дам ба Тоҷикистон ба маблағи 330 миллион доллар кумаки низомӣ расондааст. Дар доираи ин кумакҳо ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 358 мошин ба арзиши 10,5 миллион доллар супурда шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризми байналмилалӣ Чин низ дар расонидани кумак ба Тоҷикистон нақши фаъол дорад. Ҳарчанд омори расмии миқдори кумакҳо нашр намешавад, таҷҳизоти низомии чиниро метавон дар маросим ва машқҳои низомии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон мушоҳида кард.

Хабари маъмулӣ ё талаби таҳдидомез?

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон хабари таҷдиди таҷҳизоти низомии Қирғистонро ба гунаи ором қабул кард.

“Қирғизистон як кишвари мустақил аст ва барои харидани ҳама гуна силоҳ ҳақ дорад. Фикр намекунем, ки ин кишвар аз силоҳаш алайҳи Тоҷикистон кор бигирад”, -- гуфт мусоҳиби мо.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Аммо Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, назари мутафовит (фарқкунанда) дорад. Ӯ миёни амалкарди роҳбарияти Қирғизистон ва муноқишаҳои сарҳадии моҳи апрел робитаи мустақиме мебинад. Ба қавли ӯ, харид ва ба вилояти Бодканд фиристодани таҷҳизоти низомӣ, тасмими ду моҳ ҳисоб кардани хидмати якмоҳаи низомиёни марзбонӣ ва нерӯҳои дохилӣ дар вилояти Бодканд ва инчунин дастёбӣ ба паҳбодҳои иктишофии Русияву Туркияро метавон ҳамчун талоши эҷоди тарс пиндошт.

Ба қавли Ризоён: “Албатта, нашри ин хабар дар фазои иттилоърасонӣ нигаронии шадидтари сокинони минтақаҳои марзиро дар пай хоҳад дошт. Ман бар ин боварам, ки низомисозии минтақаҳои марзӣ зарфияти замонати амният ва суботи ҳар ду кишварро кам мекунад. Теъдоде аз иқдомоте, ки қаблан тавассути мақомоти қирғиз рӯи даст гирифта шудаанд, нишон медиҳанд, ки ҳадафи онҳо гуфтугӯ ва роҳҳалҳои созандаи масоили марзӣ нест, балки, мутаассифона, ба ду далел ба самти моделсозии муноқиша мераванд: а) ба далели эҳсоси баланди интиқом; б) муттаҳид кардани миллат дар атрофи нухбаҳои сиёсии феълӣ ва қарор додани он дар баробари “душмани таъйиншудаи берунӣ”.

Худи Содир Ҷабборов ҳангоми нишасти матбуотии 23-юми октябри имсол гуфт, ки мусаллаҳ шудани кишвари ӯ ҳадафҳои дифоӣ дорад. “Мо дар 30 соли истиқлол боре ҳам бо касе муноқишаро оғоз накардаем ва сарзаминҳои дигаронро низ бо силоҳ ишғол накардаем. Дар оянда низ чунин иттифоқе нахоҳад уфтод. Аммо агар барои тасарруфи сарзаминҳои мо муноқиша сурат гирад, посухи сахт хоҳем дод.”

“Global Firepower Index”: Ду ҳамсоя чӣ доранд?

Бар асосии раддабандии “Global Firepower Index - 2021”, ки моҳи октябри имсол нашр шуд, дар байни 146 кишвар тавоноии низомии Қирғизистон дар раддаи 93 ва Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 99 қарор дорад.

Бино ба маълумоти созмон, дар сафи нерӯҳои низомии Қирғизистон 11 ҳазор сарбоз ва афсар хидмат мекунанд. Ин кишвар 150 тонк ва мошинҳои дигари зиреҳпӯш, 159 тӯп, 30 фарванд тӯп, 21 системаи мушакӣ, 7 чархбол, аз ҷумла 2 чархболи низомӣ дорад. Буҷаи мудофиаи Қирғизистон 20 миллион доллар аст.

Тибқи ҳамин шохис, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 9 ҳазор сарбозу афсар иборат аст. Артиши Тоҷикистон бо 400 мошини зиреҳпӯш, 253 тонк, 80 фарванд тӯп, 20 чархбол, аз ҷумла 6 чархболи низомӣ, 1 ҳавопаймои мусофирбар, 125 системаи мушакӣ мусаллаҳ шудааст. Буҷаи мудофиаи Тоҷикистон 79 миллион доллар аст. Мақомоти Тоҷикистон расман омори сарбозону афсарон ва таҷҳизоти низомии худро ошкор намекунанд.

28-30-юми апрели имсол дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Дар пайи ин даргирӣ Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар дод. Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, ин кишвар 36 кушта ва 154 захмӣ доштааст.

Мақомоти вилояти Суғд дар бораи пурра вайрон шудани қариб бист хонаву иншоот хабар доданд. Мақомоти Бодканд гуфтанд, 140 хона, мактаб ва посгоҳи марзӣ сӯхта ва ё вайрон шудаанд.

XS
SM
MD
LG