Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш ва тирпарронӣ дар шифохонаи ҳарбии Кобул. Даҳҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд


Кобул, 2-юми ноябри 2021
Кобул, 2-юми ноябри 2021

Бар асари таркишҳо ва тирпарронӣ дар назди бемористони бузургтарини низомии Афғонистон дар Кобул ба камияш 19 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Воқеа 2-юми ноябр рӯй дод.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки чаҳор ҳамлавар кушта ва ду каси дигар дастгир шуданд.

Баъзе аз хабаргузориҳо шумораи қурбониёнро 25 нафар гуфтанд, аммо рӯшан нест, ки дар байни онҳо ҳамлаварон низ ҳастанд ё не.

Дар аксҳое, ки сокинон нашр карданд, аз ҳудуди бемористони ҳарбии Сардор Муҳаммад Довудхон дуд ба ҳаво мепечад. Ин шифохона барои чаҳорсад кас пешбинӣ шудааст.

Шобир Аҳмадӣ, пизишк (духтур, табиб)-и шифохонаи кӯдаконаи ба номи Индира Гандӣ, ки дар ҳамсоягии бемористони низомӣ воқеъ аст, шоҳиди ҳодиса шудааст.

Ӯ рӯзи сешанбе ба Радиои Афғонистони Озод гуфт: "Тақрибан ду метр дуртар аз дарвозаи бемористон будам, ки ногаҳон садои таркиш баланд шуд. Пас аз чанд дақиқа сару рӯи мо пур аз хун ва пораҳои гӯшт шуд. Вақте ба даруни беморхона даромадем, вазъият хеле бад буд. Посбонони "Толибон" ба ҳаво тир холӣ мекарданд."

Як пизишки шифохонаи низомӣ ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, пас аз тирпарронӣ мардумро фавран ба "ҳуҷраҳои амн" бурданд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии "Толибон" дар Твиттер тасдиқ кард, ки таркиш рӯй дод ва нерӯҳои вижаи онҳо дар ҷойи ҳодиса буданд, вале шумораи қурбониёнро нагуфт.

Ин ҳодиса идомаи хушунатҳое ҳаст, ки баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон рӯй медиҳад. Гуруҳе, ки иддао карда буд, амният ва тартиботро барқарор кардааст.

Ҳарчанд ҳеч гуруҳ масъулияти таркишҳои охирро ба уҳда нагирифтааст, шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ) пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон" як силсила ҳамлаҳоро анҷом додааст. Ҷангҷӯёни ин гуруҳ соли 2017 ба бемористоне ҳамла карда, беш аз 30 нафарро кушта буданд.

XS
SM
MD
LG