Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин дар Гурҷистон озодии Саакашвилиро талаб доранд


Ника Мелия. Тазоҳурот дар назди порлумони Гурҷистон
Ника Мелия. Тазоҳурот дар назди порлумони Гурҷистон

Раиси Ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ"-и Гурҷистон Ника Мелия гуфт, дар назди зиндони шаҳри Руставӣ бо талаби озодии президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ тазоҳуроти бемуҳлат оғоз мешавад.

"Гурҷистон тазоҳуротро оғоз мекунад", - навишт Мелия дар шабакаи Фейсбук. Ба гуфтаи ӯ, тазоҳурот соати 5-и бегоҳи 1-уми ноябр оғоз шуда, то озод шудани президенти пешини Гурҷистон идома мекунад.

Саакашвили рӯзи 1-уми октябри имсол, баъди 8 соли тарк кардани Гурҷистон ба ватан баргашт ва ҳамон рӯз дастгир шуд. Вай ҳамон замон дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ зад ва боздошти ӯ дар берун боиси эътирози ҳазорҳо тарафдоронаш шуд.

Михаил Саакашвилии 53-сола гуфтааст, боздошти ӯ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Саакашвили солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд. Ӯро соли 2018 дар ғайбаш барои берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карданд, вале худи ӯ ин иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст.

XS
SM
MD
LG