Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат аз 62 дар сад иҷро шудани нақшаи даъват хабар дод


Маъракаи даъват ба артиш дар ноҳияи Ш. Шоҳин
Маъракаи даъват ба артиш дар ноҳияи Ш. Шоҳин

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро 62 дар сад иҷро кардаанд.

Фаридун Маҳамадализода, сухангӯи ин Вазорат гуфт, нақшаи даъват ба артишро Комиссариати вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пурра иҷро кард. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар ин мавсим муроҷиатҳои сокинон, аксаран марбут ба тағйиру иловаҳои ахир ба Қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ аст, ки хидмати пулакиро дар назар гирифтааст. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи сокинон тариқи зур ва ё облава ба артиш бурдани ҷавонон ин мавсим низ ҷой дорад. Феълан маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр шурӯъ шуда, то 30-юми ноябр идома мекунад.

XS
SM
MD
LG