Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як духтари рус барои нимбараҳна акс гирифтан дар назди калисо боздошт шуд


Калисои Исҳоқ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия.
Калисои Исҳоқ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як духтари ҷавонро барои нимбараҳна акс гирифтан дар назди калисои Исҳоқ боздошт карданд.

Пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки нисбат ба ин духтар барои таҳқири эҳсоси диндорон парванда боз шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ то як соли зиндон ва ё то 300 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар акс духтар бо нимтана ва тагпӯш, ки аз миён поёни ӯро бараҳна нишон медиҳад, ба самти калисои Исҳоқ нигоҳ мекунад. Аз ин духтар Ирина Волкова ном мебаранд, ки 31-сола аст.

Пас аз нашри аксаш дар Инстаграм корбарони рус аз мақомот хостанд, ки ӯро ҷазо диҳанд.

Аз ин пеш, рӯзи 29-уми октябр додгоҳи Маскав Руслан Бобиев, (Талабҷон Муродҷонзода), шаҳрванди Тоҷикистонро барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар ин шаҳр 10 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 29-уми октябр шарики ӯ, Анастасия Чистова (машҳур бо номи Ася Акимова)-ро низ бо айни гуноҳ маҳкум кардааст.

Онҳо ба нашри аксе дар Инстаграм, ки гуё робитаи ҷинсиашонро дар назди калисо нишон медиҳад, гунаҳкор шуданд. Додгоҳ онро таҳқири эҳсоси диндорон эътироф кард.

XS
SM
MD
LG