Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 ҳамҷинсгарои афғон ба Бритониё расидаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфт, ки 29 ҳамҷинсгарои Афғонистон ба ин кишвар расидаанд.

Вазорат 30-юми октябр бо пахши хабарномае гуфт, ин афрод бо ёрии Лизз Трас, вазири корҳои хориҷии Бритониё ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён аз Афғонистон берун оварда шуданд.

Дар хабарнома ба нақл аз Трасс омадааст, ба талошҳояшон барои берун овардани сокинони дучори хатар аз Афғонистон идома хоҳанд дод.

Бар асоси хабарнома, шахсони ҳамҷинсгаро шомили гуруҳҳои осебпазир дар ҳокимияти "Толибон" ҳастанд.

Гуруҳи "Толибон", ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва "аморати исломӣ" ташкил дод. Бо гузашти тақрибан се моҳ ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG