Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар Бодканди Қирғизистон ду мактаб месозад


Ҳукумати Узбекистон дар доираи як созиш бо ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканди он кишвар ду мактаби миёна месозад. Дар ин бора дар порлумони Қирғизистон хабар доданд.

Сохтмони ду мактаб комилан аз сӯи Узбекистон сармоягузорӣ мешавад ва мактабҳо баъди ба итмом расидани сохтмон, ба ихтиёри Қирғизистон супорида мешаванд.

Барои ин ду мактаб 0,75 га замин дар деҳаи Самарқандаки ноҳияи Бодканд ва 0,30 га замин дар деҳаи Маргуни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷудо мешавад.

Мактаби деҳаи Самарқандак барои 350 ҷойи нишаст ва мактаби деҳаи Маргун барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Пештар аз ин Узбекистон дар шаҳри Уши Қирғизистон мактаберо сохта, 1-уми сентябри соли 2018 ба истифода дод.

XS
SM
MD
LG