Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро имсол ҳам нерӯи барқро хомӯш мекунанд? ВИДЕО


Шикоятҳои мардум имсол ҳам такрор мешавад, ки боз нерӯи барқ нест. Имсол ҳатто дар баъзе аз бемористонҳо дар ноҳияҳо нерӯи барқ хомӯш мешавад. Чаро? Ширкати "Барқи Тоҷик" ва муттасадиёни тақсими барқ мегӯянд, сабаб таъмири шабакаҳо ва омодагӣ ба зимистон аст. Сокинону тоҷирон мегӯянд, бе нерӯи барқ зиндагӣ, тиҷорат, таҳсилашон мушкил мешавад ва ё зарар мебинад. Суҳбати имрӯза дар барномаи "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст.
  • Шумо дар шаҳр ҳастед ва барқ доред, вале мардуми деҳа бо маҳдудият мегиранд. Чаро ҳар сол чунин мешавад?
  • Порлумон ҳақ дорад, нигарониҳои мардумро, ки аз камбуди барқ шикоят мекунанд, бо мақомот дар миён бигузорад? Чаро мутасаддиёнро ба Маҷлиси Намояндагон даъват намекунанд ва намепурсанд, ки чӣ гап аст?
  • "Барқи тоҷик" соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз сабаби маҳдудиятро ба таъмири дастгоҳу зеристгоҳҳо рабт дод ва имсол ҳам айни ҳамин ҳарфро зад. То куҷо мешавад ба ин тафсир бовар кард?
  • Мегӯянд, дар Тоҷикистон аҳолӣ зиёд шуда, талабот ба нерӯи барқ афзудааст ва нерӯгоҳҳо қодир ба таъмини комили мардум бо нерӯи барқ нестанд. Рост?
  • Ин иддаоҳоро ҳам мешунавем, ки баъзе аз ширкату корхонаҳо, ки ба шахсони доро ё ҳалқаҳои наздик ба раҳбарони кишвар ҳастанд, пули нерӯи барқро намепардозанд. То куҷо ин гуфтаҳо воқеият доранд?
  • Роҳи ҳалли рафъи бебарқӣ дар зимистон кадом аст?

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва Мирҳусайн Назриев, муҳаққиқи Пажуҳишгоҳи физикаи Тоҷикистон дар барнома баҳс мекунанд ва ҳам назари мардумро дар ин бора шарҳ медиҳанд.

Чанд иқтибос аз барнома:

Мирҳусейн Назриев: “Имсол ҳудуди 21 миллиард киловат соат барқ истеҳсол мешавад, ки барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар пурра мерасад. Ман бо баҳонаи “Барқи Тоҷик” дар бораи таъмири зеристгоҳҳо розӣ буда наметавонам. Гумон мекунам, шояд масъала фурӯши барқ ба кишварҳои дигар бошад. Чун вазъи иқтисодии мамлакат хуб нест, эҳтимол як миқдор нерӯи барқро мефурӯшанд, то буҷаи давлат каме ғанитар гардад.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Имрӯз бо сабаби онки дар дохил танқисӣ ҳаст, фурӯши барқ ба Қирғизистон манъ шудааст. Мо бо Афғонистон созишнома доштем. Ҳоло бо сабабҳои маълум фурӯши барқ дар сатҳи муайян коҳиш ёфтааст. Бисёр вақт ҳисоб мекунем, ки “Роғун”-ро сохтем ва як-ду агрегат метавонад, ҳама камбудҳои моро бипӯшонад. Фаромӯш мекунем, ки нерӯгоҳро нав сохтанд ва он тарзи кори худро дорад.”

Мирҳусейн Назриев: “Ман гумон мекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон воқеияти истеҳсол ва фурӯши барқро ошкоро ба мардум намегӯяд. Як сабаби асосияш ба фасод гирифтор будани “Барқи Тоҷик” аст. Ҳукумат бояд назорати ҷиддиро аз болои истеҳсол ва фурӯши барқ дошта бошад.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Мо дар Тоҷикистон имконияти фаровон дорем. Дар тӯли сӣ сол президент дар паёмҳояш таъкид мекунад ва олимон дар мақолаҳояшон менависанд, вале чаро Вазорати энергетика имкониятҳоро истифода кардан намехоҳад? Наметавонад не, намехоҳад, вагарна ин қадар офтоб, шамол ва каналу рӯдҳо дорем.”

Барномаро дар инҷо бубинеду навиштани фикру андешаҳоятонро фаромӯш накунед:

Гапи Озод: Чаро имсол ҳам нерӯи барқ хомӯш мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:59 0:00

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG