Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон афғонҳоеро, ки муҳлати визаашон тамом шуд, берун намекунад


Пули Ҳайратон, марзи Узбекистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Пули Ҳайратон, марзи Узбекистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Он шаҳрвандони Афғонистон, ки дар Узбекистон паноҳ бурдаанд, вале муҳлати виза ё раводидашон ба поён мерасад, аз он кишвар ронда нахоҳанд шуд. Сомонаи Gazeta.uz дар ин бора бо такя ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод. Ба иттилои ВКД-и Узбекистон, ин кишвар муҳлати будубоши ҳамаи шаҳрвандони хориҷиеро тамдид мекунад, ки қонунҳои Узбекистон ва тартиби будубошро поймол накардаанд. Пештар аз ин ҳомиёни ҳуқуқ аз ихроҷи эҳтимолии 70 афғонистонӣ аз Узбекистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, айни замон дар ин кишвар 13 ҳазору 658 шаҳрванди Афғонистон ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG