Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҳамсояҳои Афғонистон хост, Амрикоро ба хоки худ роҳ надиҳанд. ВИДЕО


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Русия аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост, ки ба нерӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ иҷозаи сохтани пойгоҳ дар қаламравҳояшонро надиҳанд.

Пештар мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки бо Тоҷикистон ва Узбекистон барои иҷозаи истифодаи пойгоҳи низомӣ дар қаламравашон музокира мекунанд.

Русия аз вуруди гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст, вале ҳамзамон ба ҳузури низомии кишварҳои ғарбӣ дар минтақа розӣ нест.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Русия гуфт, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба Амрико иҷозаи ҳузур надиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Сергей Лавров, вазири корҳои хорҷии Русия рӯзи 27-уми октябр дар нишасти Теҳрон, ки онлайнӣ иштирок мекард, гуфт, "мо бори дигар аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мехоҳем, ки иҷозаи ҳузури Амрико ва НАТО-ро надиҳанд. Онҳо баъд аз тарки Афғонистон қасд доранд, ки дар он ҷо мустақар шаванд."

Ин изҳороти Лавров низ пас аз он садо дод, ки рӯзе пеш Колин Кал, муовини вазири дифои ИМА дар як ҷаласаи кумитаи Конгресс рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки идораҳои истихбороти ИМА чунин мешуморад, ки “Толибон” барои мубориза бо шохаи Хуросони гурӯҳи Давлати Исломӣ бисёр дилгарм аст, вале, ба гуфтааш, “тавони онҳо барои ин кор бояд мушаххас шавад”. Ӯ гуфт, ки дар зарфи шаш моҳ эҳтимол ДОИШ аз хоки Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА ҳамла тарҳрезӣ кунад. Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки барои ҳамла ба ДОИШ дар Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояи он музокирот мекунанд, вале ҳоло ба тавофуқе даст наёфтаанд.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон ҷамъ омада ва роҳҳои таъмини сулҳи пойдор дар он кишвари зери ҳукумати Толибонро баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишаст, дигарбора мавқеи кишварро такрор кард ва аз вазъи башарӣ дар Панҷшер изҳори нигаронӣ кард.

Дар нишаст вазирони Покистону Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд ва ҳамтоёни онҳо аз Чину Русия тавассути иртиботи онлайнӣ дар нишаст суханронӣ карданд.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, кишвараш тарафдори як ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Сироҷиддини Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам айни назарро гуфта ва афзудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори таъсиси як ҳукумати фарогир ва бо ҷалби тамоми неруҳои сиёсӣ ва аққалиятҳои миллӣ дар Афғонистон аст. Ӯ аз вазъи башарӣ дар водии Панҷшер, ки аксаран тоҷикнишин аст, изҳори нигаронии амиқ кард.

Русия кишварҳои Осиёи Марказиро як ҳавзаи таҳти нуфузи худ мешуморад ва ҳамеша ба ҳузури неруҳои ғарбӣ дар онҷо мухолифат кардааст. Толибон моҳи август Афғонистонро гирифтанд ва ҳукуматеро ташкил додаанд, ки касе онро ба расмият намешиносад. Давлати Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ҳукуматеро дар Афғонистон ба расмият мешиносад, ки дар он ҳамаи аққалиятҳо ва бахусус тоҷикон саҳми сазовори худро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG