Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Теҳрон: Даъват ба таъсиси ҳукумати фарогир ва роҳ надодан ба нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Теҳрон, 27 октябр. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ
Теҳрон, 27 октябр. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ

Вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон ҷамъ омада ва роҳҳои таъмини сулҳи пойдор дар он кишвари зери ҳукумати Толибонро баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишаст, дигарбора мавқеи кишварро такрор кард ва аз вазъи башарӣ дар Панҷшер изҳори нигаронӣ кард. Дар нишаст вазирони Покистону Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд ва ҳамтоёни онҳо аз Чину Русия тавассути иртиботи онлайнӣ дар нишаст суханронӣ карданд. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, кишвараш тарафдори як ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам айни назарро гуфта афзудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори таъсиси як ҳукумати фарогир ва бо ҷалби тамоми неруҳои сиёсӣ ва аққалиятҳои миллӣ дар Афғонистон аст. Ӯ аз вазъи башарӣ дар водии Панҷшер, ки аксаран тоҷикнишин аст, изҳори нигаронии амиқ кард. Сергей Лавров дар ин нишаст аз ҳамсоякишварҳои Афғонистон даъват кард, неруҳои ғарбиро дар қаламравҳояшон ҷой надиҳанд. Ӯ гуфт: “Бори дигар аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мекунем, ки иҷоза надиҳанд, ки нерӯҳои Амрико ва НАТО баъд аз тарки Афғонистон дар қаламравҳояшон ҳузур дошта бошанд”.

Русия кишварҳои Осиёи Марказиро як ҳавзаи таҳти нуфузи худ мешуморад ва ҳамеша ба ҳузури неруҳои ғарбӣ дар онҷо мухолифат кардааст. “Толибон” моҳи август Афғонистонро гирифтанд ва ҳукуматеро ташкил додаанд, ки касе онро ба расмият намешиносад. Давлати Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ҳукуматеро дар Афғонистон ба расмият мешиносад, ки дар он ҳамаи аққалиятҳо ва бахусус тоҷикон саҳми сазовори худро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG