Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пиҷим чӣ гузашт? Мақомот хушунат бар асоси адовати қавмиро рад мекунанд


Саҳнае аз занозании гурӯҳии мактаббачаҳо дар Пиҷим
Саҳнае аз занозании гурӯҳии мактаббачаҳо дар Пиҷим

Полиси вилояти Алмаато дар Қазоқистон гуфт, ки дар паи бетартибиҳои ҷавонон дар деҳаи Пиҷими ноҳияи Панфилов, ки шаби 27 ба 28-уми октябр рух дод, аз рӯи моддаи “авбошӣ” парванда боз шудааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, шоми чоршанбе нахуст хабар расид, ки дар як мактаби деҳа миёни хонандаҳои синфҳои болоӣ занозанӣ рух дод ва дар натиҷа, як навраси 16-сола ба беморхона интиқол ёфт. Дар ин ҳодиса чанд нафари дигар осеб диданд. Бар асоси иттилои мухталиф, дар занозаниву бетартибиҳо ҳудудан 30 нафар иштирок кардааст. Полис гуфт, ки шишаи хонаҳо шикаста, чанд мошин осеб дид.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Панфилов Талъат Умаралиев гуфтааст, ки овозаҳо дар бораи гӯё заминаҳои қавмию миллӣ доштани ин моҷаро беасос аст. Дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ ангезаҳои миллӣ доштани моҷарои мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои қазоқу уйғур будаанд, рад мекунанд, бархе намояндагони оилаҳои уйғуртабори ин деҳа гуфтаанд, ки дар ду ҳафтаи ахир “фарзандонашон бо табъйизу фишори ҳамсолони худ” рӯбарӯ шудаанд.

Феълан санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад. Деҳаи Пиҷим дар 20-километрии марзи Қазоқистону Чин ҷойгир буда, дар он панҷ ҳазор уйғуртабору ҳафт ҳазор қазоқҳо зиндагӣ мекунанд. Омори расмӣ мегӯяд, ки соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи Панфилов 130 ҳазор нафар, асосан қазоқҳову сеякашон уйғуртаборҳо зиндагӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG