Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати мунтазами автобусҳои Тошканд-Хуҷанд-Тошканд барқарор шуд


8 марти соли 2018. Бо барқарор шудани муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистону Узбекистон, гурӯҳи ҳунармандони Узбекистон бо автобус барои ширкат дар як консерт ба Душанбе сафар карданд
8 марти соли 2018. Бо барқарор шудани муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистону Узбекистон, гурӯҳи ҳунармандони Узбекистон бо автобус барои ширкат дар як консерт ба Душанбе сафар карданд

Ҳаракати мунтазами автобусҳои Тошканд-Хуҷанд-Тошканд барқарор гардид. Ба навиштаи вазорати нақлиёти Узбекистон, равуо тавассути ин масир аз ҷониби автобусҳои ширкати «Узавто транс сервис» ҳамарӯза сурат хоҳад гирифт. Нархи роҳкиро аз пойтахти Узбекистон ба маркази вилояти Суғд 100 ҳазор сӯми узбекӣ, муодили 105 сомонӣ тайин шудааст. Ёдовар мешавем, ки баъди якуним соли танаффус бо сабаби пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳои Тоҷикистону Узбекистон, рӯзи 18-уми октябр ҳаракати мусофирбарҳо дар роҳи Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд дубора оғоз шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз марзи Узбекистон бояд гувоҳномаи ваксина ё натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро нишон диҳанд.

XS
SM
MD
LG