Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон соҳиби рамзҳои расмии президент шуд


Аз ин ба баъд президенти Узбекистон рамзҳои расмӣ - аломат ва штандарт хоҳад дошт. Қонун дар ин бора аз сӯи президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 25-уми октябр имзо шуд.

Акнун дар рӯзи савгандёдкунии президент ба вай аломат ва штандарт - парчами президентӣ дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки 30 сол баъди касби истиқлол дар Узбекистон рамзҳои президент ҷорӣ мешаванд.

Парчами президент дар ҳамаи чорабиниҳои муҳим, ки бо ширкати президент баргузор мешаванд, овехта мегардад.

XS
SM
MD
LG