Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба онҷо на аскарони муқаррарӣ, балки ширкати хусусии низомӣ рафт." Чӣ гуна Сибирро ғасб карданд?


Василий Суриков. "Фатҳи Сибир аз тарафи Ермак Тимофеевич". Соли 1895
Василий Суриков. "Фатҳи Сибир аз тарафи Ермак Тимофеевич". Соли 1895

Русия 26-уми октябри соли 1881 300-солагии пайвастани Сибирро ҷашн гирифт. Ин сана ба солгарди задухӯрд миёни аскарони хони Сибир Кучум ва "дастаи Ермак" бар сари пули саноатчиёни Строгановҳои Урал рост меояд. Дар натиҷаи ин задухӯрд казакҳо пойтахти хонигарӣ – Қошлиқро, ки Сибир низ номида мешавад, ишғол карданд.

Ҳарчанд пайвастани ҳудуди бузург, аз Урал то Уқёнуси Ором, беш аз аср тӯл кашида бошад ҳам, дар мавриди ишғоли Сибир маҳз дар рӯзи 26-уми октябр ҳеч шакке нест.

Таҷлили Рӯзи Сибир то соли 1917 баҳонае барои баррасии мушкилоти минтақа буд, ки дар бахши маориф, маърифат, роҳи оҳан ва адолат камбуд дошт. Сибирро “бадтарин намунаи Русия” меномиданд, ки дар он қудрат ба таври ваҳшиёна суистифода шуда, ба далели беназоратии мансабдорони фасодзадаву бесалоҳият сокинонаш аз ҳама гуна ҳуқуқ маҳрум буданд.

“Ман ҳамаро дар Тоболск ба додгоҳ ва дар Сибир бояд ба дор меовехтам”, - навиштааст Михаил Сперанский, генерал-губернатори Сибир, баъд аз санҷиши минтақае, ки ба ӯ бовар карда буданд.

Зиёиёни Сибир, пеш аз ҳама доираи “минтақагароён”, ки дар атрофи Григорий Потанин ҷамъ омада буданд, дар нимаи дувуми асри 19 барои рушди фарҳангӣ ва иқтисодии Сибир ҳамчун худмухтор дар ҳайати Империяи Русия барномаи мусбатеро таҳия карданд.

Григорий Потанин
Григорий Потанин

Минтақагароён барои ин идеяшон аз озодӣ маҳрум шуданд. Соли 1865 дар доираи парвандаи “ҷудосозии Сибир” аз Русия, ба гуфтаи муфаттишон, идеологҳои асосии ҷудоиталабон - Потанин, Ядринтсев, Шашков ва ватандӯстони дигари минтақаро дастгир ва зиндонӣ карданд. Тавре ки ҳамеша дар таърих рух медиҳад, таъқиби мақомот танҳо маҳбубият ва нуфузи таъқибшавандаҳоро меафзояд.

Дар замони Шӯравӣ таҷлили Рӯзи Сибирро қатъ карданд. Хотираҳои "ҳокими Омск" адмирал Колчак ва ҳукумати муваққати Сибир ҳанӯз аз ёд нарафта буданд.

Муаррих аз Новосибирск Сергей Чернишов, ки мавзӯи кори илмияш ба пайвастани Сибир бахшида шудааст, дар суҳбат бо хабарнигори Сибир.Реалии гуфт, ин минтақа чӣ гуна истило шудааст, ривояти пайвастани мусоламатомези Сибир аз куҷо маншаъ мегирад, чаро Иван Грозний беҳтар шуморид вонамуд созад, ки бо хон Кучум на Русия, балки ширкати хусусии Строгановҳо меҷангад.

Сергей Чернишов – номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Томск ва ҳамзамон сардори коллеҷи давлатии Новосибирск, ки дар он таърихи навинро дарс медиҳад. Чернишов тобистони имсол барои он ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук княз Александр Невскийро “ватанфурӯш” номид, ба Кумитаи тафтишотии вилояти Новосибирск даъват шуд.

300-солагии “фатҳи Сибир”-ро дар моҳи октябри соли 1881 ҳам дар шаҳри Маскав ва ҳам Петербург таҷлил карданд. Чорабиниҳо баргузор ва суханрониҳо карда шуданду расонаҳо низ навиштанд. Рӯзи Сибир чӣ гуна ба миён омад? Ташаббускори ин ҷашн кӣ буд ва ин сана кай аз тақвими давлатӣ берун андохта шуд?

– Агар дар бораи сана гӯем, он яке аз гузинаҳо буд. Мо санаи оғози ҳуҷуми Ермакро дақиқ намедонем. Шояд он 1581 ё 1582 буд. Бинобар ин, санаи 300-солагӣ комилан худсарона интихоб шудааст. Баъди ба поён расидани Ҷанги ватанӣ дар соли 1812 идеяи ташкили низоми ёдгориҳо ба миён омад. Дар маҳалли набарди Бородино, майдони Куликов ва Коломна, ки аз он ҷо Михаил Романовро ба шоҳигарӣ даъват карданд, ёдгориҳо насб шуданд. Дар Тоболск низ сутуне бахшида ба ҳуҷуми Ермак қомат афрохт ва ҳамин тариқ пайвастани Сибир бо ин ҳодисаҳои муҳими таърихи ватанӣ баробар гардонида шуд.

Ин идеяи император Николайи якум буд?

– Ман мегуфтам, аз "императори коллективӣ”. Таърихнигорони Академияи илмҳои Император нахуст ҳуҷҷатҳоро омода карданд. Донишмандон ҳанӯз дар давраи Ломоносов чӣ гуна шарҳ додани пайвастани Сибирро ба ҳайати Русия баррасӣ мекарданд. Ман протоколи ҷаласаи Ҷамъияти таърихии императорро дар солҳои 1740-ум, ки дар он пайвастани Сибир ҳамчун корнамоии давлатӣ баррасӣ шудааст, хондаам. “Мо марзҳои давлатиро тавсеа мебахшем ё казакҳо ҷамъ шуда, минтақаро ишғол карданд?”. Дар ниҳоят, тасмим гирифта шуд, ки он корнамоии давлатӣ аст ва он дертар ба рӯйхати ҷашнҳои расмӣ ворид гашт.

Кай ин сана расмияти худро аз даст дод?

– Он расмӣ набуд. Соли 1839 ҷашнро таҷлил карданд. Соли 1881 тавре ман гуфтам, 300-солагӣ рақами рамзӣ буд. Мо дақиқ медонем, ки соли 1581 барои одами охирҳои асри 16 чизе рух надодааст. Солҳои 1582 ва 1585 низ ҳамчунин. Соли 1598 замоне рух дод, ки шоҳ дар унвони худ пешванди “шоҳи Сибир”-ро илова кард. Ин кор баъди фавти Кучум, ки бо Ермак 18 сол ҷангида буд, анҷом дода шуд. Аз нигоҳи шоҳ, он замон Сибир ба ҳайати давлати Русия шомил шуд.

Таҷлили Рӯзи Сибирро кай бас карданд?

– Ин сана соли 1918, вақте ки мехостанд ҷумҳурии Сибирро зери парчами сабзу сафед ташкил кунанд, хусусияти ҷудоиталабӣ касб кард. Ташкилкунандагони он касби истиқлолро ба Рӯзи Сибир баробар сохтанд ва аз он замон ин ҷашн ва парчами мазкур мафҳуми ҷудоиталабиро гирифтанд.

Хонигарии Сибир ва шоҳигарии Маскав пораҳои Олтинӯрда ҳастанд. Ин хеле муҳим аст. Кучум – Чингизид, Иван Грозний худро ҳамчун давомдиҳандаи кори Чингизхон медонист. Фикр мекунам, фатҳи Сибир барои Грозний ҳамчун барқарорсозии тамомияти арзии давлати замоне ягона аҳамият дошт. Вале мақомоти рус дар иртиботи худ бо раҳбарони аврупоӣ ҳамеша онро ҳамчун истилои Амрико маънидод мекарданд. Яъне, онҳо мехостанд, ки дар берун ҳамчун истилои Амрико намояд, вале дар асл ин гуна набуд.

Чаро онҳо мехостанд, ки ин гуна намояд?

– Фикр мекунам, онҳо мехостанд, ба “шарикони аврупоӣ” бо забони барояшон равшан фаҳмонанд, ки чаро ҳукмронии Маскав бар ин минтақа қонунӣ аст. Онҳо мехостанд, ҳуқуқи худро дар чашми онҳо қонунӣ гардонанд. Асосҳои ташкили хонигарии Сибир ва шоҳигарии Маскав ягона ҳастанд. Барои сибириҳо низ баъди тағйири қудрат чизе иваз нашуд ва таърихнигорони Шӯравӣ бар ҳамин асос истилои Амрикоро “пӯст кандани сару бераҳмӣ” аз Сибирро “мусоламатомез” номиданд. Ба ҳар сурат, он дар ҳақиқат чандон хунин набуд. Зеро сибириҳо барои русҳо ҳамсоя ҳастанд ва “кандани пӯсти сари ҳамсоя” кори дурусте нест.

– Чаро Иван Грозний баъди як соли ғасби пойтахти хонигарии Сибир ба бародарон Якову Григорий Строгановҳо “грамотаи маъзулӣ” фиристода, онҳоро ба он гунаҳкор кард, ки барои ҷангидан дар Сибир “дуздҳо” – казакҳоро худсарона фиристоданд ва “султони Сибир”-ро хашмгин карданд?

"Портрети Ермак". Асри XVII
"Портрети Ермак". Асри XVII

– Роҷеъ ба ин мавзуъ чанд фарзия ҳаст. Ба назари ман, раҳбарияти онвақтаи Русия дар бораи хонигарии Сибир маълумоти пурра надошт ва намедонист, ки он то куҷо нерӯманд ва аз нигоҳи техникӣ рушд кардааст? Зеро ин танҳо дар расми Василий Суриков – “Тасхири Сибир аз сӯи Ермак Тимофеевич” кашида шудаааст, ки русҳо силоҳ доранд ва сибириҳо камону найза. Дар асл тоторҳои Сибир низ силоҳу тӯпҳои ҳамсон доштанд. Мақомоти Маскав намедонист, ки бо чӣ рӯбарӯ мешавад ва иктишофии низомӣ низ он вақт набуд. Ман фикр мекунам, онҳо барои ҳамин ин гуна қадами бехатарро гузоштанд. Дар аввал ба онҷо на аскарони муқаррарӣ, балки дастаи Ермакро фиристоданд ва имрӯз шояд мегуфтанд, ки ширкати хусусии низомӣ рафтааст. Казакҳои Строгановҳоро мусаллаҳ карда, ба Сибир фиристоданд. Ман фикр намекунам, ки онҳо ин корро бидуни мувофиқа бо шоҳ карданд. Зеро онҳо одамони низом буданд. Ба назари ман, ин “грамотаи маъзулӣ” як ҳилае буд, ки гуё агар чизе мешуд, мегуфт, “ман даст надорам”. Вале агар ҳама чиз ба хубӣ анҷом мешуд, мегуфтанд, ин сарзамини аҷдодии мост ва казакҳо бо хоҳиши мо онҷо буданд. Яъне, натиҷа номаълум буд ва шоҳ низ чораи эҳтиётиро андешида буд.

– Ба ибораи муосир, Строгановҳо олигарх буданд. Магар онҳо ин имтиёзҳоро дар ивази ишғоли Сибир барои шоҳи рус ба даст оварда буданд?

– Гап сари он аст, ки шоҳ 10 сол пеш аз ҳуҷуми Ермак ба Строганҳо иҷозатномаи истифодаи ҳамаи заминҳои Сибир – ҳудуди хонигарии Сибирро ба муҳлати 20 сол дода буд. Дар он иҷозатнома гуфта шуда буд, ки онҳо метавонанд ин заминҳоро истифода баранд, соҳибӣ ва ҳимоят кунанд. Шоҳ ингуна амлокро “туҳфа” кард. Албатта, ин кори аҷиб менамояд. Строганҳо Ермакро фиристоданд. Ҳуҷуми ӯ ошкоро ноком буд ва дар ниҳоят вайро ба қатл расонданд. Вале строганҳо дертар ин ҳамаро чӣ гуна истифода карданд, намедонем. Ин чиз барои ҳамаи таърихнигорони баъдӣ аҳамият надошт. Онҳо дар онҷо манфиате ба даст оварданд ё не? Ба назари ман, ба даст оварданд. Ин иҷозатномаро дар асри 17 доим ёдовар мешуданд, вале “грамотаи маъзулӣ”-ро фаромӯш карданд. Як санади тасодуфиеро мемонд, ки касе онро ҷиддӣ нагирифт.

– Назарҳое аст, ки гуё Сибир ба Русия аз роҳи осоишта пайвастааст. Аз рӯи далелҳои таърихӣ ин то куҷо ҳақиқат дорад?

– Дар ин маврид посухҳо содда нестанд. Вобаста ба он аст, ки аз кадом ҷиҳат назар мекунед. Барои мисол, агар Шумо хон Кучум мешудед, дар ҳар сурат ин бароятон таҷовузкорӣ буд. Агар аз нухбагони маҳаллӣ низ мебудед, онро таҷовузкорӣ мешумурдед. Агар Шумо деҳқонони Новгород мешудеду баъди ишғоли Сибир ба онҷо мерафтед, бароятон “пайвастани мусоламатомез” буд. Зеро бо касе наҷангидаед. Маълум аст, ки Ермак дар миёни нухбагони маҳаллӣ ошӯберо барангехта буд. Баъзеҳо ба ҷонибдории ӯ гузаштанд ва баъзеи дигар вафодори Кучум монданд. Дар асл дар натиҷаи ҳуҷуми Ермак ба Сибир хонигарӣ ҳифз шуд, вале дар онҷо, ба ибораи имрӯза, ҷанги шаҳрвандӣ – ҷанги ҳама зидди ҳама оғоз шуд. Дар натиҷа, шаҳрҳои муосири Сибир ба миён омаданд. Як қисми нухбагони маҳаллӣ ба Борис Годунов муроҷиат карда, ташкили қалъа алайҳи қабилаи ҳамсояро дархост карданд. Онҳо дар соҳили Том Томскро таъсис доданд. Ҳама бо ҳама меҷангиданд. Сипас ба ин минтақа аскарони муқаррарии рус ворид шуда, Тюмен, Тоболск, Красноярск, Иркутск ва ғайраро таъсис медиҳанд. Русҳо дар давоми 50 соли ахир, то миёнаҳои асри 18 тамоми сарвату бойгариҳоро мекашонанд ва қисми зиёди сокинони маҳаллӣ ба шарқ ҳиҷрат мекунанд. Дар натиҷа, минтақаҳо холӣ мешаванд. Дар баъзе аз маҳаллаҳо аз 2 то 20 кас мемонад. Мардум ба шарқ, Енисей, муҳоҷир мешаванд. Баъди 70 соли ҳуҷуми Ермак дар Сибир зидди ишғолгариҳои русҳо ошӯбу исён барпо мешавад. Ҷангҳои русӣ-чукчӣ ҳанӯз дар давраи Екатерина ду рух дода буданд ва чукчиҳо баранда шуданд. Ин 200 сол пас аз ҳуҷуми Ермак аст.

– Ермак Сибирро ишғол накардааст, ӯ қадами нахустинро гузоштааст. Оё мешавад ӯро озодкунандаи мардуми Сибир аз хони Кучум, ки дар он минтақа бегона буд, номид?

– Ишғолгар ҳаст, ё не, аммо хон Кучум дар ҳақиқат барои мардуми Сибир раҳбари хориҷӣ буд. Ӯ аз Осиёи Марказӣ рафта буд. Идеяи ин ки ӯ барои Сибир бегона асту мо онҳоро озод кардаем, нахустин бор дар дастурамалҳои сафирони шоҳигарӣ дар Шветсия ва Англия дар соли 1585 зикр шуда буд. Ин идеяи соддаест, ки бо он метавон ба ҷанги мазкур “ҷома”-и қонунӣ пӯшонд. Барои чӣ тасмим гирифтанд, ки бо вай биҷанганд? Зеро вай ишғолгар буд. Мо танҳо ҳукумати қонуниро барқарор мекунем ва ин ҳам дар ҳоле ки аз мо дархост шудааст. Соли 1555 сафири княз Едгер ба Маскав рафта, аз Иван Грозний дархост мекунад, ки Сибирро зери идораи худ дарорад. Баҳонаи хубе мешавад. Онҳо таҳти ҳукмронии Кучум озору азият дидаанд? Аммо мо дақиқ медонем, ки бо омадани русҳо вазъи иқтисодии мардуми маҳаллӣ тағйир наёфт. Ҳокимони маҳаллӣ аз шоҳ дастур гирифтанд, андозро аз ҳаҷме, ки дар давраи Кучум буд, баланд набардоранд. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки барои мардуми маҳаллӣ чизе тағйир наёфт. Гумон аст, ки мардуми Сибир эҳсос карда бошанд, ки касе онҳоро “озод” кардааст.

Лаҳзае аз филми "Иван Грозний"
Лаҳзае аз филми "Иван Грозний"

– Устураҳо то куҷо монеи омӯхтани таърихи Сибир мешаванд?

– Устураҳо ба ҳадде паҳн шудаанд, ки дар ҳамаи осорхонаҳои кишваршиносӣ, аз Томск то Хабаровск метавон бо онҳо рӯбарӯ шуд. Консепсияи осорхонаҳои кишваршиносӣ чӣ дар шаҳри бузургу чӣ хурди Сибир чунин ҳастанд. Сибир ваҳшӣ ва партофташуда буд ва дар онҷо шаманҳо буданд: “Дар ҷангал зиндагӣ мекунему чархро мепарастем”. Дар ҳамин ҳол, истилогарони рус меоянд ва чароғи донишро меафрӯзанду шаҳрҳо месозанд ва нақши тамаддунофарро мебозанд. Сипас, ҳукумати Шӯравӣ, саноатикунонӣ ва барқрасонӣ меояд. Нақши тамаддунофари русҳо чунин намоиш дода мешавад. Вақте тамаддунофар ҳастанд, бояд мусоламатомез бошанд. Вале ин ба доираи академикҳо таъсири камтар дорад. Бархеҳо ҳастанд, ба хотири чизе матлабҳо менависанд, вале донишмандони оқил кӯшиш мекунанд, ба истилоҳоти “фатҳ” ва “истилогарии мусоламатомез” дода нашаванд. Бинобар ин, кӯшиш мекунанд, калимаҳои бетарафона – пайвастшавӣ ва азхудкуниро истифода кунанд.

Ба назари Шумо, кадом ҳодисаҳо дар азхудкунии Сибир калидӣ ҳастанд?

– Маълум аст, ки барои насли муосир, ҳодисаи калидӣ пахши аскарони Кучум дар Ирмен дар соли 1598 аст. Шоҳи рус баъди ин задухӯрд ба унвони худ “шоҳи Сибир”-ро илова мекунад. Худи Кучум дар соли 1600 ё 1601 мефавтад ва худи ҳамон сол ё соли оянда аскарони муқаррарии рус вориди минтақа мешаванд. Онҳо соли 1586 нахустин шаҳр – Тюменро ишғол мекунанд ва соли 1587 Тоболскро ҳам мегиранд. Фикр мекунам, муҳимтарин ҳодиса пахши ҳоқонии Енисей буд, ки дар он қирғизҳо зиндагӣ мекарданд. Ин як давлати бузурги дигар дар ҳудуди Сибир аст. Русҳо онро дар охирҳои асри 17 ғасб карданд ва бинобар ин, қирғизҳо имрӯз дар Осиёи Миёна зиндагӣ доранд. Санаи таърихии дигар соли 1755 аст. Он сол Алтай ба ҳайати Русия пайваста буд. Дар ҷануб хонии Ойрат ва давлатҳои дигари моҷароҷӯй буданд, ки мардуми Алтайро қатли ом карданд. Пайвастшавӣ низ ба ҳамин хотир сурат гирифт. Марҳалаи навбатӣ кори Невелский буд: аз фатҳи Амур то ҳамроҳшавии Сахалин, Приморе ва таъсиси Владивосток. Агар инҳо намешуданд, Сибир як роҳи бунбасту ба нокуҷо буд. Сипас Транссиб пайдо шуд.

– Калисои православӣ дар азхудкунии Сибир чӣ нақше дошт?

– Нахустин усқуфи Сбир Киприан, ки баъдтар карйераи хуберо соҳиб шуд, парастиши Ермак дар миёни сокинони маҳаллиро роҳандозӣ карда, тамоми саъю кӯшишро анҷом дод, то аз Ермак як чеҳраи муқаддас бисозад. Ин кор билахира анҷом нашуд, вале Ермак ва ихтиёриёни ӯ аз эҳтироми умумии калисоҳо бархурдор буданд.

– Ермак дар умум як роҳзан буд?

– Албатта. Ду фарзия ҳаст. Якум, Ермак роҳзане буд, ки эҳтимоли ба дор овехтани ӯ дар ватан вуҷуд дошт ва бинобар ин, тасмим гирифт ба Сибир биравад. Фарзияи дувум ин аст, ки Ермакро фармондеҳи воқеии низомӣ меноманд. Дар воқеаномаҳои ҷанги Русия ва Литва, ки Иван Грозний бо Реч Посполитая мекард, фармондеҳе бо номи Ермак зикр шудааст. Агар ин рост бошад, пас, ӯ замони ҳуҷум ба Сибир 60 сол дошт. Ин таърихи нимаафсонавиро чизе тасдиқ намекунад. Вале дар он мантиқ дида мешавад. Агар мо гӯем, ки ҳуҷуми Ермак муваффақона буд, пас, дастаро на як казаки одӣ, балки як фармондеҳи воқеӣ раҳбарӣ мекард.

– Столипин бо он фахр мекард, ки “Сибир ба таври афсонавӣ рушд мекунад”. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳушдор дод, ки муваффақият хатареро дар пай дорад. Яъне, пешравии "як кишвари азими демократии хашин" ба зудӣ Русияро пахш мекунад. Столипин чиро дар назар дошт? Оё ин зуҳуроти тарс аз ҷудоиталабии имконпазир дар Сибир буд?

– Шояд Столипин аз “сарчархиши комёбӣ” дар ҳарос буд. Садҳо ҳазор одам он замон ба Сибир рафтанду бахши кишоварзӣ рушд кард ва шояд ин пешрафтҳо ба ҳадде хуб буданд, ки вайро тарсонданд.

Сибири Шӯравӣ, соли 1936
Сибири Шӯравӣ, соли 1936

– Сибириҳо то куҷо ҷудоиталабиро мехостанд? Шояд онҳо зиндагии орому дуртар аз қудратро беҳтар мешумориданд?

– Ба эҳтимоли зиёд, дувумаш аст. Ба назари ман, Маскав барои мардуми Шарқи Дур як мафҳуми устуравӣ аст.

Шояд, ҳеч Маскаве нест?

– Шояд. Як романе бо номи "Владивосток 2000" аст. Муаллиф дар он навиштааст, ки "Ин Маскав дар куҷо аст? Ҳамаи мо дар Пекин будем, дар Сеул будем, вале оё худи Маскав ҳаст? Ҳашт соат фарқ мекунад... Он ба мо кор намегирад ва мо ҳам ба он коре надорем”. Ҳеч гуна ҷудоиталабии ҷиддие дар Сибир набуд. Таърихе, ки гуё сибириҳо ҷудоиталаб буданд, як афсона аст. Ҳамаи исёнҳо дар Сибир зидди ҳукумати Шӯравӣ ва кадом як ислоҳоте буданд. Дар мавриди ҷудосозии Сибир аз Русия ҳеч гуна исёни ҷиддие набуд.

Ҳукумати Шӯравӣ сиёсати истилогаронаи империяи русро идома дод ё “лоиҳаи Сибир”-и махсуси худро таҳия кард?

– Ба назари ман, ҳукумати Шӯравӣ як мустамликаи яклухт аз Арбат то Владивосток аст.

Ин ҳамон чизе нест, ки дар давраи шоҳигарии Русия буд?

– Не, инҷо мантиқи мавҷуд будан дигар аст. Ман чанде пеш аз Петербург омадам. Чаро он шаҳр хеле зебо аст? Дар он ҷо ҳар як бино соҳибе дошт, ки деҳқонҳо дар кунҷе аз Ярославл барояш бепул кор мекарданду ӯ аз ҳисоби онҳо захира мекард, то қасри бошукӯҳе созад. Ҳама чиз маълум аст. Вай барои сохтани як қасри зебо аз онҳо захирае гирифт. Базму зиёфатҳо, хидматкорон, юнкер ва “таъми нони булкаи фаронсавӣ” -- инҳо ҳама “Русияе ҳастанд, ки мо аз даст додем”. Дар замони Шӯравӣ мантиқи мавҷудияти давлат дигар буд. Дар онҷо низ номенклатура буд, вале ба монанди ашрофзодагони Петербург зиндагӣ намекард. Таъқибу бадарғае, ки дар Сибир ба деҳқонон таҳдид мекард, ба он низ таҳдид дошт. “Кӯдакони Арбат”-ро хонед, дар он ҳама чиз навишта шудааст. Одамони доро дар Арбат зиндагӣ мекунанд, вале онҳоро мепаронанд, бадарға ва аз ҳама чиз маҳрум мекунанд. Яъне, дар шоҳигарии Русия “боло” ва “мустамлика” буд. Дар Шӯравӣ ҳама мустамлика буданд.

Оғози асри 20
Оғози асри 20

– Ба назари Шумо, оё имкон дорад, ки ҳоло дар бораи навъи сибирии одами рус суҳбат кард?

– Ин ҷуз афсонаи маҳалшиносӣ чизи дигаре нест. Аммо агар кӯшиши ташаккули он анҷом шавад, ҳеч чиз ба даст намеояд, ба истиснои он, ки “подшоҳ дур аст ва мо дар ин ҷо озодихоҳем”. Ҳеч гуна фарҳанги ягона, забон ва расми сибирӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, ҳеч асосе нест, ки бигӯем, дар Сибир як ҷамъияти бузурги этнографӣ зиндагӣ мекунад. Ин на хуб аст ва на бад. Ин воқеият аст. Вале бо вуҷуд ин, барои ман гуворо аст, ки бигӯям, мо каме фарқ мекунем. Албатта, ман дар рафти баҳисобгирие, ки чанде пеш оғоз шудааст, омодаам, гӯям, ки миллати ман сибирӣ аст.

XS
SM
MD
LG