Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мурдаҳоро мепартофтанд, намемонданд, ки гӯр кунем” ВИДЕО


Атбасар, Қазоқистон

Аз бадарғаи ним миллион қафқозӣ дар замони Сталин 75 сол гузашт. Мардуме, ки азоби он замонро кашидаанд, бе ашк онро ба ёд оварда наметавонанд.

Мардум дар Ҷумҳуриҳои Ингушистон ва Чеченистони Русия имрӯзҳо зиндагии талхи садҳо ҳазор нафарро ба ёд меоранд, ки 75 сол пеш аз зодгоҳҳояшон бадарға шуданд.

Моҳи феврали соли 1944 режими Иосиф Сталин, диктатори Шӯравии собиқ, тақрибан ним миллион нафар аз мардуми чечен ва ингушро ба Қазоқистону кишварҳои дигар бадарға кард. Даҳҳо ҳазор нафари онҳо дар нимароҳ ҷон доданд. Хабарнигорони “Настоящее время” бо баъзе аз ин бадарғашудагон суҳбат карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Мурдаҳоро мепартофтанд, намемонданд гӯр кунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Ҳамза Нагоев, сокини шаҳри Атбасари Қазоқистон, 75 сол пеш аз зодгоҳаш ронда шуд. Ӯ гуфт, “мо вақти пӯшидани либос ё кафш надоштем. Моро аз хона нимурёну пойлуч бадарға карданд. Ҳар вақт соли 1944-ро ба ёд меорам, мӯи сарам рост мешавад. Занону кӯдакон мегиристанд. Як ҳарҷу марҷ буд.”

Мадӣ Басаеваи 90-сола ҳам аз он рӯзҳо хотираи хуш надорад. “Мо чӣ гуна бе модарамон зинда мемондем. Мо аз пасаш давидему доманашро гирифтем. Ман аз як тарафи ӯ, бародарам аз тарафи дигар буд. Ба мо иҷоза надоданд, бо ӯ биравем”, - ба ёд овард ӯ .

Ҳамза Нагоев
Ҳамза Нагоев

Тақрибан ним миллион нафар аз мардуми Қафқозро ба Қазоқистон ва ҳамингуна Қирғизистону Сибир бадарға карданд. Режими Сталин чечену ингушҳоро бардурӯғ ба ҳамкорӣ бо фашистони Олмон муттаҳам кард. Бисёре аз мардум зимни интиқол ҷон доданд.

Довуд Оздоев мегӯяд, “дар байни қатор (поезд) як дар буд. Дар ду тараф сарбозон бо туфанг меистоданд. Вақте дар истгоҳ меистодем, дарро боз мекарданд ва даруни қатор даромада ҷасад мекофтанд. Агар меёфтанд, фарқ надошт, кӯдак, зан ё мард, ба даруни барф мепартофтанд. Намегузоштанд, ки онҳоро дафн кунем. Дур меандохтанд ва дарро мепӯшиданд.”

Пас аз марги Сталин, доғи хиёнати дастҷамъӣ пок шуд ва иҷоза доданд, ки мардум ба зодгоҳҳояшон баргарданд. Чаҳор ҳазор нафари онҳо бо фарзандонашон мондаанд ва Қазоқистонро ватан меноманд.

Зайна Абаева
Зайна Абаева

Зайна Абаева, духтари яке аз бадарғашудаҳо мегӯяд, “ман дар Чеченистон будам, бисёр хушам омад. Зебо шудааст, вале Қазоқистон барои ман азиз аст. Ватани ман аст.”

Онҳое, ки ҷабри бадарғаро кашидаанд бо хешовандонашон мехоҳанд, фоҷиа аз ёдҳо наравад. “Мардуми зиёд аз сардиву гуруснагӣ мурданд. Кӯдакони зиёд бе падару модар монданд. Азоби зиёде кашидем. Ба ҳеҷ кас чунин рӯзҳоро орзу намекунем”, - гуфт Динмуҳаммад Асоев, сокини Атбасари Қазоқистон.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG