Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон


Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони фурӯши маводи мухаддир хабар дод. Вазорат гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи деҳаи Ҷаштики вилояти Бодканд, ҳаммарз бо вилояти Суғд, дастгир шудааст.

Аз шаҳрванди Тоҷикистон гуё беш аз 9 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки онҳо "ҳашиши афғонӣ" ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре надодаанд.

Ба зидди шаҳрванди Тоҷикистон бо банди "Қочоқи маводи мухаддир" парванда боз шуда, ӯ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад.

Номи шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷузъиёти дигари қазия дар даст нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё шахси боздоштшуда ба ин иттиҳом чӣ назар дорад ва то куҷо бо вакили мудофеъ таъмин шудааст.

Чанде пеш Додгоҳи ноҳияи Лайлак ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба зиндони якумрӣ ва се шаҳрванди тоҷики Қирғизистонро ба ҳабс маҳкум кард. Онҳоро дар пайванд ба задухӯрди мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гунаҳкор карданд, вале пайвандонашон беасос медонанд.

XS
SM
MD
LG