Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Покистон хостории ёрии изтирории байналмилалӣ ба Афғонистон шуданд


Апрели соли 2019, Пекин. Президенти Чин Сӣ Ҷинпин нахуствазири Покистон Имрон Хонро меҳмондорӣ мекунад
Апрели соли 2019, Пекин. Президенти Чин Сӣ Ҷинпин нахуствазири Покистон Имрон Хонро меҳмондорӣ мекунад

Рӯзи 26-уми октябр дар як муроҷиати муштараки раҳбарони Чину Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо шудааст, ки дар пешорӯи зимистони сард ва камбуди шадиди ғизову маводи дорувор ба Афғонистон кӯмаки изтирории башариву иқтисодӣ расонида шавад. Дар изҳороте гуфта мешавад, ки нахуствазири Покистон Имрон Хон ва президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар як сӯҳбати телефонӣ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд ва ба ин назаранд, ки мардуми ниёзманд ба хотири “коҳиши эҳтиёҷоту пешгирӣ аз бесуботӣ дар кишвар”, ки баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА ва сари қудрат омадани “Толибон” дар моҳи август эҷод шудааст, ба кӯмак ниёз доранд.

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар Қатар бо намояндагони “Толибон” масоили марбут ба ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.

Чин аз “Толибон” хост, ки гузаргоҳҳои марзиро боз нигаҳ доранд ва ба Афғонистон дар ҳаҷми 31 миллион доллар ёрии башарӣ ва 3 миллион дона воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард.

Чин, ки давоми солҳои дароз мухолифи ҳузури нирӯҳои байналмилаливу НАТО дар Афғонистон буд, дари сафораташро дар Кобул боз нигаҳ доштааст. Вале айни замон ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст. Чин аз “Толибон” эҷоди ҳукумати фарогирро тақозо намуд. Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дороиҳои пулии Афғонистон дастрас шаванд, то ки Кобул ба хотири пешгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон ба пулҳои худ дастрасӣ дошта бошад. “Толибон” ҳоло аз дастрасӣ ба тахминан 9 миллиард доллар пулҳое, ки қисми асосиаш дар ИМА мебошанд, маҳрум аст.

XS
SM
MD
LG