Рӯзи 30-юми октябр дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад. Барои иштирок дар он ошпазҳо аз чаҳор ноҳияи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ даъват шудаанд. Ҳамчунин, иштироки ошпазҳо аз Узбекистону Афғонистон ва Русия дар назар аст. Мақомоти пойтахт мегӯянд, оше ки дар ҷашнвора пухта мешавад, ба кӯдакистонҳо ва хонаи пиронсолон тақсим мегардад. UNESCO, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, соли 2016 "Палав"-ро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Палав ғизои маъмул ва асосии мардуми Тоҷикистон, Узбекистон ва сокинони дигари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва онро дар ҳама маъракаҳои шодиву ғам таҳия мекунанд.
Дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе иди палав баргузор мекунанд
