Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия Путинро пас аз соли 2024 намехоҳанд


Бино ба як назарсанҷии Маркази "Левада", 42 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки пас аз соли 2024 Владимир Путинро дар курсии президенти Русия дидан намехоҳанд. Натиҷаҳо бар асоси мусоҳиба бо 1,634 нафари аз 18-сола боло ва рӯзҳои 23-29-уми сентябри соли 2021 ба даст омадаанд.

Ин нишондиҳандаи болотарин аз соли 2013 ба ин сӯ аст. Дар пурсиши соли 2013 дарсади одамоне, ки намехостанд, Путин дар мансаби президенти Русия бимонад, ба 45% мерасид.

Маҳбубияти Путин пас аз ишғоли Қрим дар соли 2014 афзун шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG