Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни интихоботи президентии Узбекистон. Пирузии Мирзиёев қатъӣ ба назар мерасад


Рӯзи 24-уми октябр дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он Шавкат Мирзиёев, президенти ҳозираи ин кишвар, рақиби қавие надошт ва, аз ин рӯ, пирӯзии ӯ тақрибан қатъӣ ба назар мерасад.

Мирзиёев бо чаҳор рақиби начандон маъруф ворид рақобат шуд, ки бештар ҷонибдори ҳукумати феълии Узбекистон ҳастанд. Се ҳизби мухолиф иҷозаи сабти ном ва пешбарии номзадро ба интихобот надоштанд. Ин шашумин интихоботи президентӣ дар Узбекистон аз замони касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 мебошад.

Шавкат Мирзиёв пас аз фавти Ислом Каримов дар соли 2016 ба қудрат расид. Ӯ дарҳои Узбекистонро, ки сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ба шумор меравад, ба рӯи сармоягузорон боз кард, робитаҳои кишварро бо ҳамсоягонаш беҳбуд бахшид, маҳдудиятҳои ҳукумати Ислом Каримов дар робита ба озодиҳои диниро коҳиш дод ва даҳҳо зиндонии сиёсиро озод сохт.

Аммо айни замон ба монанди Ислом Каримов аз қудрати зиёди сиёсӣ бархурдор аст ва наздиконаш низ ба суистифода аз ҷойгоҳи сиёсии вай барои сарватҷамъкунӣ муттаҳам ҳастанд.

Ҳамзамон таъсири пандемияи коронавирус ба дастовардҳои аввалияи иқтисодии вай соя афкандааст ва дар Узбекистон шумораи бекорон афзоиш ёфта, харҷи хонаводаҳо бештар шудааст.

Мирзиёев ҳамчунин ба хотири саркӯби мунтақидони худ ва фаъолони сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ мавриди танқид қарор гирифт.

Масъулони Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон чанд соат пас аз поёни раъйдиҳӣ мизони иштироки мардумро дар интихобот 70 дарсад эълон карданд. Дар Узбекистон 20 миллион нафар ҳаққи ройдиҳӣ доранд. Интизор меравад, натиҷаҳои интихобот рӯзи 25-уми октябр эълон шавад.

Тибқи қонунҳои интихоботии Узбекистон, танҳо ҳизбҳое метавонанд, барои интихоботи порлумонӣ ва президентӣ номзад дошта бошанд, ки сабти расмӣ шуданд.

Се ҳизби мухолиф, ки сабти ном нашудаанд, эълон карда буданд, ки нияти пешбарии номзадҳои худро доранд. Аммо бо вуҷуди талошҳояшон ҳеч кадом сабт нашуданд ва, аз ин рӯ, натавонистанд дар интихобот номзад дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG