Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби мухолифи "Эрк" ба таҳрими интихоботи президентии Узбекистон даъват кард


Муҳаммад Солеҳ.
Муҳаммад Солеҳ.

Дар изҳороти ҳизби мухолифи "Эрк"-и Узбекистон, ки рӯзи 9 август нашр шуд, омадааст, ки интихоботи пешорӯи президентӣ - "намоишкории навбатии гуруҳҳои сиёсӣ бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев" аст.

Муҳаммад Солеҳ, роҳбари ҳизби "Эрк" дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки "ин бор ҳам "ҳизбҳои кисагӣ" номзадҳои худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд, тавре, ки дар замони Каримов ин корро мекарданд". Солеҳ шубҳа надорад, ки "ин бор ҳам номзадҳои кисагӣ овози худро ба президенти амалкунанда Мирзиёев хоҳанд дод, тавре, ки дар замони Каримов мекарданд".

Дар интихоботҳои Узбекистон ҳамеша чанд номзад рақобат мекунанд, аммо танҳо дар интихоботи аввали президентӣ дар Узбекистон дар соли 1991 рақиби воқеӣ - роҳбари ҳизби демократии "Эрк" Муҳаммад Солеҳ ширкат дошт.

Он замон Солеҳ расман 12,7 дарсад раъй гирифт ва аз Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон шикаст хурд. Аммо нозирони мустақил гуфтанд, Солеҳ барандаи интихобот буд. Баъди он интихобот Солеҳ маҷбур шуд, Узбекистонро тарк кунад. Вай акнун дар Туркия зиндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG