Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев барои "ислоҳоти нопурра" танқид шуд. Узбекистонро чӣ интизор аст?


Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 раёсати ҷумҳури Узбекистонро ба даст дорад
Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 раёсати ҷумҳури Узбекистонро ба даст дорад

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар изҳороте ҳукумати Узбекистонро танқид кард, ки ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ чанд номзади воқеиро роҳ надодааст ва онро нақзи ҳуқуқ номид. Изҳорот 13-уми октябр нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, маҳдудиятҳои охир баёнгари "нопурра будани вусъати ислоҳоте" аст, ки президент Шавкат Мирзиёев ба он даст зада буд.

Интизор меравад, дар интихоботи 24-уми октябр президенти амалкунанда пирӯз шавад. Дар матбуоти маҳаллӣ таблиғоти фаровонеро ба ҷонибдорӣ аз Мирзиёев ба роҳ мондаанд.

HRW logo
HRW logo

Ҳю Уилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW, дар изҳороте гуфт, “Узбекистон бо ваъдаи ислоҳот мавриди таваҷҷуҳи зиёди байналмилалӣ қарор гирифт, вале поинравии нишондодҳои ҳуқуқи башар дар ин охирҳо ва набудани номзади воқеии мустақил ва мухолиф дар интихобот, маҳдуд будани ин иддаоҳоро ба намоиш гузошт”.

Уилямсон афзуд, “Узбекистон метавонист, пойбандии воқеиашро ба ислоҳоти пурмазмун аз роҳи ба интихобот иҷоза додани номзадҳое, ки бо ҳукумат назари яксон надоранд, ба намоиш гузорад, вале чунин нашуд”.

Мирзиёев соли 2016, баъд аз даргузашти президенти худкома Ислом Каримов, дар як шароити суолбарангез раҳбари муваққатии Узбекистон шуд ва дар поёни ҳамон сол дар интихоботи президентӣ пирӯзӣ ба даст овард. Мақомот гуфтанд, 87 дарсади ройдиҳандагон ба фоидаи ӯ овоз доданд.

Шавкат Мирзиёев дар оғоз ваъда дод, ки дар кори матбуот ва интихобот, ки аз ҷониби нозирони ғарбӣ ҳеч гоҳ озоду демократӣ номида нашудааст, ислоҳоте барпо мекунад. Вале ҳамонгуна, ки дар интихоботи пешина буд, ин навбат ҳам ҳеч мунтақид ё мухолифи воқеӣ ба интихобот роҳ наёфт.

Қонуни интихоботи Узбекистон пешбарии номзадҳоро танҳо ба намояндагӣ аз ҳизбҳои сиёсии сабтиномшуда дар ин кишвар иҷоза медиҳад. Ин маҳдудият, ба қавли масъулони HRW, монеи ширкати намояндагони гурӯҳҳои фарогири иҷтимоӣ мешавад.

Дар изҳороти созмон аз ҷумла дар бораи набудани номзадҳо аз ҳизбҳои оппозитсионии “Эрк” ва “Ҳақиқат ва рушд” ёдоварӣ шудааст, ки аз гурӯҳҳои қадимаи мухолифин ба шумор мераванд.

Овозхон Ҷаҳонгир Отаҷонов, номзаде, ки метавонист аз ҷониби “Эрк” пешбарӣ шавад, баъд аз як ҳамлаи издиҳом ба нишасти сиёсии ӯ гуфт, саҳнаи сиёсатро тарк кард. Намояндагони ин ду ҳизб ва танқидгарони дигари маъмурияти Мирзиёв шикоят мекунанд, ки азияту озор ва таъқибҳои сиёсӣ ба як ҳолати маъмулӣ табдил шудааст.

Ба ин тартиб, дар интихоботи президентии Узбекистон панҷ номзади начандон муҳим ба мисли Баҳром Абдуҳалимов аз ҳизби “Адолат”, Алишер Қодиров аз “Эҳёи миллӣ”, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологӣ ва ягона дар миёни номзадон - Мақсуда Ворисова аз ҳизби мардумии демократӣ иштирок хоҳанд кард.

Чанде пеш САҲА ва ODIHR – Дафтари ниҳодҳои демокративу ҳуқуқи башари ин созмон Узбекистонро ҳушдор доданд, ки чанд машваратҳои деринтизор барои барпо кардани интихоботи демократиро иҷро накардааст.

Моҳи май САҲА ва ODIHR аз Тошканд тақозо карданд, ки даст ба ислоҳот занад ва корро ба чаҳорчӯбаи қонун дароварда, кори Кумисюни интихоботиро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла, пешгирӣ аз тақаллуб ва пӯшиши одилонаи интихобот дар матбуот фароҳам кунад.

XS
SM
MD
LG