Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Қирғизистон имкони истиқрори пойгоҳи амрикоиро дар кишвар рад кард


6 марти соли 2014. Низомиёни амрикоӣ хаймаи худро дар фурудгоҳи Канти Қирғизистон ҷамъ мекунанд
6 марти соли 2014. Низомиёни амрикоӣ хаймаи худро дар фурудгоҳи Канти Қирғизистон ҷамъ мекунанд

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фикри дар хоки Қирғизистон ҷойгир кардани пойгоҳи низомии ИМА-ро рад кард ва гуфт, ки ин иқдом аз назари равобити Бишкек бо Вашингтону Русия кишварашро дар ҳолати монанд ба бозии “мушу губа” қарор медиҳад. Ҷабборов ин суханҳоро дар як нишасти хабарии солонааш баён кард, ки дар он намояндагони матбуоти дохиливу хориҷӣ иштирок карданд. Ба саволи ин ки оё баъди ҳафт соли танаффус имкони дар хоки Қирғизистон ҷойгир шудани пойгоҳи низомии амрикоӣ вуҷуд дорад ё на, ӯ гуфт, ки кишвараш аллакай мизбони пойгоҳи низомии Русия дар Канти вилояти Чуй мебошад. Ҷабборов гуфт, “як пойгоҳи низомӣ барои мо кофӣ аст”. Ӯ афзуд: “Мо намехоҳем, ки бо ҷойгир кардани ду пойгоҳ дар қаламрави худ ба бозии мушу гурба бозӣ кунем”. Бори нахуст дар декабри соли 2001 дар пойгоҳи Манаси Қирғизистон дар доираи амалиёти мубориза бо терроризм дар Афғонистон дар чаҳорчӯби амалиёти “Озодии шикастнопазир” пойгоҳи нирӯҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии ИМА ҷойгир шуда буд. Вале поёни соли 2014 парлумони ин кишвар дар як овоздиҳӣ қарор кард, ки Вашингтон ин пойгоҳро холӣ кунад. Ин таҳаввулот ҳамчун талоши мақомоти Бишкек ба хурсанд кардани Русия арзёбӣ шуд.

XS
SM
MD
LG