Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти фиристодаи Қазоқистон бо "Толибон"


Намояндаи вижаи президенти Қазоқистон Ержан Қозихон шаҳодатномаи тақдими 5 ҳазор тонна гандумро ба Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари ҳукумати "Толибон" дод
Намояндаи вижаи президенти Қазоқистон Ержан Қозихон шаҳодатномаи тақдими 5 ҳазор тонна гандумро ба Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари ҳукумати "Толибон" дод

Қазоқистон як намояндаи президентро барои мулоқот бо "Толибон" ба Афғонистон фиристод. Рӯзи 17-уми октябр дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, Ержан Қозихон, фиристодаи вижа оид ба масоили ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, масоили ёриҳои башардӯстона ва азсаргирии тиҷорат ва равобити иқтисодиро бо намояндагони аршади маъмурияти "Толибон" баррасӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Ин нахустин сафари як ҳайати Қазоқистон ба Афғонистон аз замони дар моҳи август таҳти назорати «Толибон» гузаштани шаҳри Кобул ва аксар қарамравҳои ин кишвар мебошад. Дар хабар омадааст, ки Казихан бо муовини раиси ҳукумати «Толибон» Абдулғанӣ Бародар ва иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи «Толибон» Амирхон Муттақӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

ТАСС дар нақли қавл аз дафтари президенти Қазоқистон навишт, ки ду ҷониб ба азсаргирии тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам идомаи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни Афғонистон дар мактабҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Дар хабар омадааст, ки мақоми қазоқистонӣ ба намояндагони «Толибон» гуфтаанд, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ дар давоми чанд ҳафтаи гузашта ба ҳайси ёрии башардӯстона ба Афғонистон 5 ҳазор тонна орд тақдим кардааст.

Ин дар ҳолест, ки барои аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо омадани «Толибон» мавзӯи амнияту бехатарӣ калидӣ шудааст ва нигаронии аксар ҳамсояҳои Афғонистон ин аст, ки даҳҳо ҳазор паноҳҷӯён аз ин кишвари ноамну ҷангзада ба хоки онҳо мегузаранд.

Бархӯрди ҳукумати Қазоқистон ба «Толибон» эҳтиёткорона будааст, вале ахиран президент Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки ин кишвар барои «равобити тиҷоратӣ бо Афғонистон» омода аст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимҷан Эсенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо Муттақӣ мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG