Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сафари вазири дифои ИМА ба Гурҷистон


Вазири дифои ИМА Ллойд Остин субҳи 18-уми октябр ба нишони пуштибонӣ аз Гурҷистон дар муқобили рафтори хашину таҷовузгаронаи Русия вориди Тифлис шуд. Қарор аст пеш аз расидан ба ҷаласаи вазирони дифои узви кишварҳои НАТО, ки рӯзҳои 21-22 октябр дар шари Брюссел баргузор мешавад, Остин инчунин ба Украина ва Руминия ҳам сафар кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба Гурҷистон баъди соли 2014 мебошад. Як мақоми баландпояи вазорати дифои ИМА як рӯз пеш аз ин гуфт, “Мо соҳибихтиёрии кишварҳоеро итминон ва тақвият медиҳем, ки дар сафи пеши таҷовузи Русия қарор доранд”.

Сафари мазкур мавриди истиқболи раҳбарияти Гурҷистон қарор гирифтааст, чун як ормони Тифлис узвияти комил дар паймони низомии НАТО мебошад. Гурҷистон як шарики ин эътилофи ғарбӣ ба шумор меравад.

Соли 2008 Гурҷистон ва Русия давоми панҷ рӯзи моҳи август вориди ҷанг шуданд ва аз он замон то имрӯз нирӯҳои Русия дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Ин ду минтақа истиқлолияти худро аз ҳайати Гурҷистон эълон кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ инро ба расмият нашинохтааст. Маскав тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Гурҷистон ба узвияти НАТО шомил нашавад.

XS
SM
MD
LG