Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов гуфт, ширкати "Сентерра"-и Канада омода аст, Қумторро тарк кунад


Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. омода аст, кони тиллои Қумторро дар ихтиёри Қирғизистон гузорад, аммо аз Бишкек хостааст, ки аз саҳмаш дар ширкат даст кашад.

Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси нави девони вазирони Қирғизистон рӯзи 12-уми октябр хабар дод.

Рӯзҳои 28 то 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария даври аввали гуфтугӯҳои байни ҳайати Қирғизистон ва ширкати Сентерра дар робита ба кони тилои Қумтор баргузор шуд. Ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти ин гуфтугӯҳоро ошкор накард.

Оқилбек Ҷабборов рӯзи 12-уми октябр гуфт, кишвараш тасмим дорад, кони тилоро мустақилона коркард кунад.

Қумтор бузургтарин кони тиллои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тилло миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тиллои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашидааст.

XS
SM
MD
LG