Алексей Навалний, мухолифи зиндонии Кремл; гурӯҳе аз занони афғон ва як сиёсатмадори маҳбуси Боливия номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи имсолаи Андрей Сахаров ҳастанд.
Раиси Кумитаи умури хориҷии Порлумони Аврупо 14-уми октябр гуфт, номзадии 12 зани афғон "нишонаи қавии ҳимоят аз ҳуқуқи занон, ҳуқуқи бунёдӣ ва касоне аст, ки ин ҳуқуқро натанҳо дар Афғонистон, балки дар саросари ҷаҳон ҳифозат мекунанд."
Дэвид Макаллистер афзуд, номзадии Навалний "талошҳои як фарди ҷасурро барои пуштибонӣ аз демократия, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандӣ ва мубориза бо коррупсия эътироф мекунад."
Навалнийи 45-сола моҳи январи имсол, ҳангоми бозгашт аз Олмон дастгир ва ба 2,5 сол зиндон маҳкум шуд. Вай дар Олмон аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт.
Ҷоизаи олии ҳуқуқи башари Порлумони Аврупо ба номи донишманду сиёсатмадори дигарандеши рус Андрей Сахаров гузошта шуда, соле як бор тақдим мешавад.
Номи барандаи имсолаи ҷоиза ва 50 ҳазор евро рӯзи 21-уми октябр эълон хоҳад шуд. Дар гузашта президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, фаъоли покистонӣ Малола Юсуфзай ва мухолифони беларусӣ барандаи ин ҷоиза шудаанд.