Гуруҳе аз мухолифини тоҷик рӯзи 13-уми октябр дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Варшава, маркази Лаҳистон, тазоҳурот карданд. Ин эътироз дар замоне баргузор шуд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафар дар Аврупо қарор дорад.
Эътирозгарон гуфтанд, онҳо аз пазироии Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои аврупоӣ розӣ нестанд. Баъзе аз иштирокдорони эътироз дар шиорҳои худ оқои Раҳмонро раҳбари худкома номида, хоҳони озодии мухолифони сиёсӣ бас кардани шиканҷа шудаанд.
Рӯзи 12-уми октябр дар Вилнюс, маркази Литва, ки гуруҳе аз паноҳҷӯёни тоҷик дар онҷо қарор доранд, низ тазоҳурот баргузор шуд.
Сафари аврупоии Эмомалӣ Раҳмон 10-уми октябр оғоз ёфта, 14-уми октябр ба поён мерасад.
Пеш аз сафар, 8-уми октябр, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, дар номае ба Порлумони Аврупо гуфта буд, аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунанд, ки мухолифони сиёсии зиндонияшро озод намояд.
Ҳоло маълум нест, ки оё мақомоти аврупоӣ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ишора кардаанд ё не, вале дар гузашта мақомот гуфта буданд, дар кишвар ҳеч зиндонии сиёсӣ нест.