Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди иҷрои ҳукми қатли марди эронӣ мояи хашми ҳомиёни ҳуқуқ шуд


Ормон Абдулолӣ дар 17-солагӣ ба қатли Ғизола Шукур айбдор шуд
Ормон Абдулолӣ дар 17-солагӣ ба қатли Ғизола Шукур айбдор шуд

Фаъолони ҳуқуқ бо нигарониву хашм ба Эрон дида духтаанд, ки гуфтааст, рӯзи 13-уми октябр санаи иҷрои ҳукми қатли марде мебошад, ки барои куштори як духтар дар синни 17-солагӣ боздошт шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми додгоҳ ва тасмими мақомоти эрониро “комилан ноодилона” меноманд. Афви байнулмилал дар як изҳороташ ҳафтаи ҷорӣ аз мақомоти Теҳрон тақозо кард, ки ҳукми қатли Ормон Абдулолиро бо сабаби ин ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ иҷрои ҳукми қатл нисбати шахсе, ки ҷиноятро то 18-солагӣ содир кардааст, мамнӯъ мебошад, бекор кунад. Абдулолӣ дар зиндони шаҳри Караҷ, дар ғарби Теҳрон нигаҳдорӣ мешавад.

Абдулолиро соли 2014 баъди нопадид шудани дӯстдухтараш дар қатли ӯ маҳкум карданд, вале ҷасади ин духтар ҳеҷ гоҳ пайдо нашуд. Мақомоти эронӣ ду дафъа нақшаи иҷрои ҳукми қатли Абдулолиро таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ паспарто карданд. Афви байнулмилал гуфт, ки таҳқиқоти низоми адлияи Эрон таҳти шиканҷа барпо шудааст ва ҳама эътирофот ҳам дар шароити ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва ба ҳамин хотир ҳам ин парванда бояд аз нав ва одилона таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG