Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии қазоқистониҳои норозӣ аз ҳукми додгоҳ


Ҳудуди даҳ шаҳрванди Қазоқистон 11-уми октябр дар эътироз ба як қатор ҳукмҳои додгоҳӣ дар назди бинои Додгоҳи олии ин кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Таҷаммуъгарон гуфтанд, аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон ба Нурсултон рафтаанд ва мулоқот бо раиси Додгоҳи олии он кишварро талаб доранд.

Яке аз эътирозгарон дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон лавҳаҳоеро овезон кард, ки бо забонҳои қазоқӣ, русӣ ва англисӣ навишта шуда, ба ислоҳоти сартосарии низоми додгоҳӣ даъват мекунанд.

Фаъоли мадании қазоқ гуфт, бо ин лавҳаҳо мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба низоми додгоҳии Қазоқистон ҷалб кунад. Ӯ гуфт, қурбони қаллобие шудааст ва 10 сол мешавад, талошҳои вай барои муҷозоти гумонбар бенатиҷа ҳастанд. Додгоҳи Алмато гӯё "қаллоб"-ро сафед кардааст.

Моҳи гузашта низ дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон эътирози ҳамсон сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG