Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон: Барои ҳар бемори COVID-19 аз будҷа $1,4 ҳазор ҷудо мешавад


Ҳукумати Узбекистон барои табобати ҳар як шаҳрванди мубтало ба коронавирус, ки вазъаш вазнини миёна арзёбӣ мешавад, тақрибан 1,4 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Ин нуктаро мудири беморхонаи дувуми касалиҳои сироятии Зангиотаи вилояти Тошканд Дониёр Миразимов дар суҳбат бо телевизиони "Узбекистон-24" баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзона 130-140 бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав ба беморхонаи онҳо интиқол меёбад. Вазъи бештарашон вазнин буда, шахсони аз 60-сола боло ва гирифтори бемориҳои музмин ҳастанд.

"Эмкунии сокинон моҳи апрели соли равон оғоз шуд ва ҳоло ба беморхонаи мо бемороне интиқол меёбанд, ки имкони гирифтани ваксинаро доштанд, вале бо сабабҳои гуногун онро нагирифтанд", - афзудааст Миразимов.

XS
SM
MD
LG