Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштирокдорони роҳпаймоии эътирозӣ аз Уш ба Бишкек расиданд


Сокинони деҳаи Дийкан-Киштаки ноҳияи Қарасуи вилояти Уши Қирғизистон, ки аз вайрон кардани манзилҳояшон норозӣ ҳастанд, ба Бишкек расиданд. Онҳо аз вилояти Уш то шаҳри Бишкек пиёда роҳ паймуданд.

Ширкатдорони роҳпаймоии эътирозӣ рӯзи 11-уми октябр гуфтанд, онҳо ба назди бинои ҳукумат расидаанд. То ин замон онҳо дар қабулгоҳи ҷамъиятии президент ҳам будаанд.

Чаҳор сокини ноҳияи Қарасуи вилояти Уш давоми 11 рӯз ба шаҳри Бишкек расиданд. Онҳо гуфтанд, аз ҳукумат хостаанд, ки мушкили эҷодшударо одилона ҳаллу фасл ва ҳокими пешини ноҳияи Қарасу Тилек Матраимовро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Ба гуфтаи онҳо, дар соли 2018 заминҳои ноҳияи Қарасу тағйири шакл карда, аз сӯйи ҳокими вақти Қарасу Матраимов барои сохтмони хона, ғайриқонунӣ ба ширкати "Ихлос" дода шуданд. "Ҳоло мехоҳанд, манзилҳоеро тахриб кунанд, ки сокинони қаторӣ сохтаанд", - гуфтанд эътирозгарон.

Тилек Матраимов 8 сол раиси ноҳияи Қарасу буд. Моҳи октябри соли 2020 ӯро ҳангоми "ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи Қирғизистон бо Узбекистон" дастгир ва аз мансаб барканор карданд. Матраимов як моҳ баъди боздошт бо қарори додгоҳи шаҳрии Уш ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. Дертар додгоҳ ӯро 220 ҳазор сом, баробар ба 1,5 ҳазор доллар ҷарима баст.

Матраимов ва ё вакилони мудофеи вай то кунун қазияи тақсими заминҳоро шарҳ надодаанд. Мақомоти маҳаллии ноҳияи Қарасу мегӯянд, тахриби хонаи сокинон қонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG