Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, муколама бо “Толибон” “самимиву касбӣ” гузашт


Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ
Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ

Мақомоти ИМА дар нахустин шарҳи расмӣ баъди ду рӯзи гуфтугӯҳо бо намояндагони «Толибон» дар шаҳри Давҳаи Қатар гуфтанд, ки ин мулоқот «самимиву касбӣ» гузашт, тамаркуз сари масоили амниятиву терроризм ва дигар нуқоти калидии марбут ба Афғонистон буд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 10-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, дар ин гуфтугӯҳо инчунин масъалаҳои марбут ба «ҳуқуқи башар, аз ҷумла, ширкати пурмазмуни занону духтарон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии Афғонистон» матраҳ шуд. Прайс афзуд, ки дар ин гуфтугӯҳо инчунин масъалаи ироаи ёриҳои мустақим ба мардуми Афғонистон баррасӣ гардид ва таъкид шуд, ки ба «Толибон» аз рӯи амалашон баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG