Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Чехия шикаст дар интихоботро эътироф кард


Андрей Бабиш бо ҳамсараш дар нишасти хабарии пас аз интихобот.
Андрей Бабиш бо ҳамсараш дар нишасти хабарии пас аз интихобот.

Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия шикасташ дар интихоботи порлумониро эътироф кард. Дар ҷараёни интихоботе, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми октябр сурат гирифт, ду эътилофи аҳзоби мухолифи ҳукумат раъйи бештари мардумро ба даст оварданд.

Андрей Бабиш рӯзи 9-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Ин воқеияти зиндагӣ аст ва мо онро мепазирем”. Тоҷири сарватманди 67-сола рақибаш Петр Фиаларо бо пирӯзӣ табрик гуфт, вале айни замон мухолифонро ба маъракаи “бадномсозӣ”-и худ муттаҳам кард.

Бар асоси натиҷаҳои интихобот, Ҳизби “АНО”- Андрей Бабиш, ки ростгаро ва шуҳратталаб хонда мешавад, 27.1 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва 72 курсии порлумонро соҳиб мешавад. Порлумони Чехия 200 курсӣ дорад ва эътилофи аҳзоби мухолиф метавонанд 108 курсиро аз они худ кунанд.

Яке дигар аз ҷанбаҳои муҳими интихоботи Чехия берун аз порлумон мондани Ҳизби коммунист шуд. Ин ҳизб, ки аз соли 1948 то соли 1989 дар Чехия ҳукуматдорӣ мекард ва баъдан дар порлумон ҳам буд, натавонистааст, 5 дар сади раъйи кофӣ барои вуруд ба порлумони кишварро соҳиб шавад.

XS
SM
MD
LG