Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути як ҳавопаймо чанд нафар дар Тотористон кушта шуданд


Ин фалокат тобистони имсол дар Кемерово рух дод.
Ин фалокат тобистони имсол дар Кемерово рух дод.

Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои хурд, дар ҷумҳурии Тотористони Русия чанд чатрбоз (парашютист) кушта шудаанд. Хабаргузории РИА Новости рӯзи 10-уми октябр гузориш дод, ки фалокат дар ҳамин рӯз дар наздикии шаҳри Менселинск рух додааст.

Ба гуфтаи дигар расонаҳои Русия, дар умум дар ҳавопаймо 23 нафар савор будаанд, ду халабон ва 21 чатрбоз. Канали 112 дар Телеграм бо нашри чанд аксе аз пораҳои ҳавопаймо навиштааст, ки дар умум 19 нафар ҳалок шудаанд.

Ҳавопаймои хурди L-410, ки ихтирои як ширкати Чехия ва Словакия аст, барои интиқоли 19 нафар пешбинӣ шудааст. Онро аз соли 2018 дар шаҳри Урали Русия тавлид мекунанд. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки савор кардани теъдоди зиёди мусофирон ба ҳайси як сабаби фалокат таҳқиқ мешавад.

Аз моҳи июн то кунун се дафъа аст, ки ҳавопаймои L-410 дар Русия суқут мекунад. Моҳи июн ва сентябр низ дар натиҷаи ду суқут дар вилоятҳои Кемерово ва Иркутст дар маҷмуъ 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG