Оиша, духтари калонии Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, вазири фарҳанги ин кишвар таъин шудааст. Дар ин бора раиси порлумони Чеченистон, Муҳаммад Довудов, дар Instagram хабар дод.
Вай 8-уми октябр навишт: "Аз номи худ ва аз номи вакилони порлумон ҷияни азизам Оиша Қодироваро ба муносибати вазири фарҳанги Чеченистон таъин шуданаш самимона табрик мегӯям."
Оиша Қодироваи 22-сола аз моҳи сентябри соли 2020 дар мансаби муовини вазири фарҳанг кор мекард. Аз ин пеш мудири хонаи муди "Фирдавс" буд. Намоиши либосҳояш дар Парижу Дубай, Маскав ва Грозний баргузор шудааст.
Хадиҷа, духтари 21-солаи Рамазон Қодиров, мудири шуъбаи таълими томактабии ҳукумати Грозний, пойтахти Чеченистон аст.
Хасмуҳаммад Қодиров, бародари сисолаи раҳбари Чеченистон, моҳи марти имсол шаҳрдори Грозний таъин шуд.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин моҳи феврали соли 2020 амакбачаи Қодиров – Одес Бойсултоновро муовини вазири варзиши Русия таъин кард. Дар умум, тибқи маълумоти Kavkaz.Realiy, тақрибан 100 хешованди Қодиров дар вақтҳои гуногун ва дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардаанду мекунанд.
Қодировро барои чунин рафтораш борҳо танқид кардаанд, вале ӯ моҳи марти имсол дар посух гуфт, "ин маро бисёр ба ташвиш намеорад".